Мавлуди Фарзонаи Хуҷандиро дар Эрон таҷлил мекунанд

Дар шаҳри Теҳрон 60-солагии Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистонро таҷлил мешавад.

Чорабинии адабӣ-фарҳангӣ 27-уми январи соли равон дар толори Муассисаи фарҳангии ЭКО бо ҳузури шоирон Фарзонаи Хуҷандӣ ва Толиби Озарахш баргузор мегардад.

Дар ин бора аз Сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин нишаст маҳфили “Ҳумоюн” ва рӯнамоии китоби “Ҳумоюннома” низ сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ки ин маҳфили адабӣ бо ташаббуси Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Фарзонаи Хуҷандӣ 3-юми ноябри соли 1964 таваллуд  шудааст. Моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 60-солагии мавлуди  ӯ чорабинии сатҳи баланд доир гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *