Мавлуди пайғамбар, аммо бе хурок

 Шӯрои уламои Маркази исломӣ,  барои таҷлил аз мавлуди паёмбари Ислом расман иҷоза дод, вале аз сокинон хост, ки ин маъракаро бе додани ошу зиёфат баргузор кунанд.

Дар қарори расмии Шӯрои уламо таъкид шудааст, ин маросим дар ҳамаи масҷидҳои кишвар рӯзи 9 декабр баргузор ва аз натиҷаи он «ҳисоботи хаттӣ пешниҳод хоҳад шуд».

Ин қарор рӯзи 2 декабри имсол дар Душанбе қабул ва барои иҷро ба ҳамаи имом-хатибон ирсол гардидааст. Ҳар сол 12 моҳи рабеулаввал, ки ин дафъа ба ибтидои декабр рост омадааст, пайравони дини Ислом рӯзи мавлуди паёмбар Муҳаммадро ҷашн мегиранд. Ин ид миёни мусалмонон бо номҳои «милоди набӣ», «мавлуди шариф», «рӯзи набӣ» ё «мавлуди расул» низ маъруф аст. Дар рӯзи мавлуд асосан имом-хатибон мавъиза ироа карда ва қиссаҳои марбут ба рӯзгори паёмбарро ба сокинон мерасонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *