Интихобот баргузор шуд

 Рӯзи якшанбе интихоботи президентии пеш аз мӯҳлат ва интихоботи аввалини бе Ислом Каримов дар Узбекистон баргузор ва дари қитъаҳои раъйдиҳӣ баста шуд. Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси Комисияи марказии интихоботии  Узбекистон гуфт, ки  4 декабр  аз 21 миллион афроди қобили раъй 87% овоз доданд.

Абдусаломов гуфт, ҷараёни интихоботи Узбекистонро даҳҳо нозири байналмилалӣ мушоҳида намуда ва ҳеҷ шикоят аз мавридҳои қонуншиканӣ нарасидааст. Сергей Лебедев, раиси нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, низ гуфтааст, ки интихоботи президентии Узбекистон бар асоси меъёрҳои демократия баргузор шуд.

Интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Узбекистон баъди даргузашти Ислом Каримов, президенти  собиқи ин кишвар, баргузор шуд, ки беш аз 25 соли охир роҳбарии  Узбекистонро бар ӯҳда дошт. Каримов рӯзи 2 сентябр дар 78-солагӣ аз сактаи мағзӣ дар Тошканд даргузашт. Барои дарёфти курсии холимондаи ӯ чор нафар сабқат карданд. Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбекистон ва намояндаи Ҳизби либерал-демократ, ки аз соли 2003 дар мақоми сарвазир кор мекунад, аз номзадҳои аслӣ дар ин интихобот гуфта мешавад. Вай рӯзи 8 сентябри имсол, баъди тақрибан як ҳафтаи даргузашти Ислом Каримов, иҷрокунандаи вазифаи президент интихоб шуд.

Сарвар Отамуродов – намояндаи Ҳизби эҳёи миллӣ, Ҳотамҷон Кетмонов — намояндаи Ҳизби халқии демократӣ ва Наримон Умаров — аз Ҳизби сотсиал-демократ номзадҳои дигари интихоботанд. Кетмонов ва Умаров дар интихоботи гузаштаи президентии Узбекистон низ бо Ислом Каримов вориди рақобат шуда, вале шикаст хӯрда буданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *