Мавзунаи Орзу: Ҳеҷ кас маро дастгирӣ накард
Ин навбат ҳамсуҳбати мо блогери шинохта Мавзунаи Орзу буд. Азбаски саҳифаи Мавзуна фарҳангиву маърифатист ва шеъру суханҳои бузургонро мегузорад, мо доир ба таъсири як блог ба аудитория ва умуман мавқеи шеъру сухан дар фазои маҷозӣ суҳбат кардем.
— Рӯз аз рӯз сафи блогерон дар кишвари мо зиёд шуда истодааст, ки бо ҳадафҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол мешаванд. Бигӯед, ки шумо бо кадом ҳадаф ва умуман чӣ гуна ба фаъолияти блогерӣ оғоз кардед?
— Ростӣ, чанд сол мешавад, ки ба ин соҳа шавқу рағбати зиёд дорам. Чун блогерони машҳуру маҳбубро тамошо мекардам, боварие пайдо мекардам, ки ман ҳам андешаҳоямро метавонам баён кунам. Ҳамин тавр, панҷ моҳ пеш таваккал ба Худои бузург кардаму фаъолияти блогериро оғоз намудам. Хушбахтона, дар муддати кӯтоҳ корбарони Инстаграм матлабҳоямро хубу хуш қабул карданд.
— Тасмими блогер шудани шуморо аҳли оила чӣ гуна қабул карданд?
— Мо дар оила се нафар ҳастем: ман, модарам ва хоҳарам. Дар аввал модарам каме нигарон буданд, вале вақте ки мақсади ҷиддӣ доштанамро баён кардам, хуш пазируфтанд ва ҳамеша чун кӯҳ устувор дар пуштам ҳастанд.
— Дар ин ҷода ба монеаҳо рӯ ба рӯ шудед?
— Дар оғози роҳ монеаҳо буданд, аммо кӯшиш кардам, ки ҳар як монеаро ҳамчун фурсати омӯзиш ва пешрафт бинам. Бо гузашти вақт ва таҳаммул кардан, тавонистам бар мушкилот ғалаба кунам ва роҳро барои худ осонтар созам. Агар хоҳиш ва иродаи қавӣ бошад, монеаҳо танҳо як эҳсоси муваққатӣ мебошанд, ки паси сар мешаванд
— Табиист, ки дар он ё кор роҳнамо ва дастгир лозим аст. Киҳо дар ин роҳ дастгири шумо буданд?
— Ҳеҷ кас маро дастгирӣ накард ва ин як воқеият аст. Ман худам бо иродаи қавӣ ва тасмими дақиқ ба блогерӣ шурӯъ кардам. Воқеан, бисёри одамон на дар фикри пешрафти шахсони дигар ҳастанд, балки ҳар кас бештар барои худаш меандешад. Вале ман фикр мекунам, ки агар одамон бо ирода ва меҳнат кӯшиш кунанд, ҳатман роҳи худро пайдо мекунанд.
— Блогерӣ барои шумо чӣ душвориҳо дорад?
— Блогерӣ душворӣ надорад, чунки ман ин корро бо муҳаббат ва шавқ анҷом медиҳам. Агар ба коре, ки дӯст медорӣ, ошиқ бошӣ, тамоми мушкилот ва монеаҳо як чизи муваққатӣ мешаванд. Ман ҳар рӯз аз ин кори эҷодӣ лаззат мебарам.
— Ба андешаи шумо соҳаи блогерӣ дар кишвари мо обрӯдор аст ё не?
— Ба андешаи ман, соҳаи блогерӣ дар Тоҷикистон албатта обрӯдор аст. Бо вуҷуди он, ки ин соҳа ҳанӯз дар марҳилаи рушд қарор дорад, ҳар рӯз сафи блогерон меафзояд. Одамон мехоҳанд иттилоъро аз манбаъҳои мустақил ва баёнҳои шахсони воқеӣ бигиранд, ки аз ҷониби блогерҳо пешкаш мешавад. Блогерҳо дар ташкил кардани муҳтавои фазои маърифатӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ нақши калон мебозанд, ки онҳо метавонанд бо роҳи дуруст таъсир гузоранд. Ин соҳа ҳамчунин барои ҷавонон имкониятҳои нави касбӣ ва эҷодӣ фароҳам меорад.
— Блоги шумо асосан маърифатӣ-фарҳангист. Чӣ гуна тасмим гирифтед, ки бояд чунин бошад?
— Ман мехоҳам ба воситаи блоги худам ба мардум кӯмак кунам ва дарс диҳам. Ба андешаи ман, блогерӣ як имконияти хуб барои расонидани маърифату маълумот ба одамон аст. Мехоҳам, ки мардумро бо мавзуъҳои гуногуни таълимӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ шод карда, ба онҳо фаҳмиши амиқтар дар бораи ҷаҳон ва худашон диҳам. Ҳадафи ман ин аст, ки бо истифода аз блог, одамонро ба фикр кардан, омӯзиш ва рушд кардани шахсиятҳои беҳтар даъват кунам.
— Шумо дар саҳифаатон бештар шеър ва сухан мегӯед. Чӣ тавр барои наворҳоятон идеяҳои нав пайдо мекунед?
— Ман идеяи наворҳоямро аз ҷойҳои гуногун мегирам. Баъзан ин идеяҳо аз зиндагии ҳаррӯза, таҷрибаҳо ва китобҳо пайдо мешаванд. Ман ҳамчунин аз блогҳои дигар, паёмҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ ва одамоне, ки дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд, илҳом мегирам. Ҳамчунин, аз обуначиён ва шарҳҳои онҳо бисёр чизҳоро меомӯзам.
— Чӣ тавр ба хондани шеър шавқ пайдо кардед?
— Ман шеър хонданро дӯст медорам, чунки ҳар шеъре, ки мехонам, як ҷаҳон маънӣ ва эҳсосотро ба дил ва рӯҳ меорад. Қироати шеърҳои пурмазмун барои ман як таҷрибаи махсус аст, зеро ҳар як байт метавонад маро ба фикр ва таъмину таҳаввулоти амиқ даъват кунад. Шеъри хуб ва пурмазмун барои ман як воситаи ташаккул ва таъмини маърифати шахсӣ аст ва кӯмак мекунад, ки ҷаҳони атрофамро бо чашми дигар бинем.
— Шеъру суханҳое, ки дар саҳифаатон нашр мекунед, чӣ гуна интихоб мешаванд ва дар ин кор ба шумо кӣ ёрӣ мерасонад?
— Шеъру суханҳоро вобаста ба эҳсосот ва вазъи рӯҳии худам интихоб мекунам. Агар хоҳам, ки паём ё эҳсосотро ба дигарон расонам, сухан ё шеъре меҷӯям, ки дар он ҷо маънӣ ва ифодаи дуруст дошта бошад.
— Шеърро бештар барои фароғат мехонед ё барои расонидани паёме ба аудитория?
— Ҳам барои фароғат мехонам ва ҳам барои расонидани паём ба аудитория. Шеър барои ман як воситаи махсус аст, ки ҳам эҳсосоти шахсиро ифода мекунад ва ҳам паёмҳои амиқро ба дигарон мерасонад.
— Оё шудааст ҳолате, ки навореро гузошта бошед ва баъд пушаймон шуда, онро тоза карда бошед?
— Бале, тақрибан чор моҳ пеш як навор гузоштам, аммо баъдан пушаймон шуда, онро пок кардам.
— Асосан, мардуми мо чунин наворҳоро хуш қабул мекунанд, оё шудааст ҳолате, ки дар шарҳ ба шумо суханони қабеҳ навишта бошанд?
— Шарҳҳои бад як қисми кори блогерӣ ҳастанд, дар баъзе ҳолат ман шарҳҳои манфӣ мегирам, аммо кӯшиш мекунам, ки ба онҳо танҳо ҳамчун як имконият барои беҳтар шудан нигоҳ кунам. Ман аслан диққатро ба паёмҳои мусбат ва одамоне, ки мефаҳманду дастгирӣ мекунанд, равона мекунам.
— Оё шумо кӯшиш мекунед, ки ин суханҳоро дар зиндагии худ татбиқ кунед?
— Албатта, ман кӯшиш мекунам, ки суханони бузургонро дар зиндагии худ татбиқ кунам. Онҳо роҳнамо ҳастанд барои дуруст андеша кардану дар роҳи рост будан кумак мекунанд.
— Агар имконият мешуд, бо кадом шахсияти бузург мехостед вохӯред?
— Агар имконият мешуд, мехостам бо Саидмурод Давлатов, ки шахсияти маъруф ва роҳнамои ҳаёт аст, вохӯрам. Суханрониҳои он кас метавонанд ба ҳар як инсон барои рӯй овардан ба зиндагии беҳтар ва муваффақ кумак кунанд.
— Шумо дар ин соҳа аз кӣ ё аз чӣ илҳом мегиред?
— Ман аз аввал Сабринаи Назриро хеле дӯст медорам ва то имрӯз ӯ барои ман як улгуи аслии ин кор аст.
— Ҳамкорӣ бо дигар блогерон барои шумо чӣ аҳамият дорад ва онҳоро чӣ гуна ба роҳ мемонед?
— Дар умум, қариб бо ҳамаи блогерон робитаи хеле хубе дорам, аммо на бо ҳамаашон ҳамкорӣ мекунам. Агар диққат дода бошед, дар роликҳои ҳама иштирок намекунам, аммо ба ҳунари ҳамаашон қоилам ва ҳар касе, ки дар Инстаграм фаъол аст, медонам, ки чӣ қадар кори сахту душвореро анҷом медиҳад.
— Шумо ба наздикӣ дар як филми Дӯстмурод Шарипов ширкат кардед, тақдири он чӣ шуд?
— Аз тарафи Дӯстмурод Шарипов пешниҳоди кор шуд ва ман ҳам қабул кардам. Бо акаи Дӯстмурод Шарипов тақрибан 3 сол мешавад, ки робитаи дустӣ ва аз ин бештар робитаи бародариву хоҳарӣ дорем. Аммо доир ба филм чизе гуфта наметавонам, зеро худам ҳам дар чӣ ҳол будани онро намедонам.
— Ба онҳое, ки мехоҳанд блогер шаванд, чӣ маслиҳат медиҳед?
— Ба ҷавононе, ки мехоҳанд блогер шаванд, гуфтанӣ ҳастам, ки аввалан оид ба барномаҳояшон, ҳадафу мақсадҳояшон нағз фикр кунанд ва баъд ин касбро пеша кунанд. Ва вақте ки блогер шуданро интихоб мекунанд, бояд ба ҷомеа ягон манфиат биёранд, то ки дигарон аз онҳо илҳом бигиранд.
Меҳрубон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ