Майсара: Бо чор фарзанд бева монда бемори сил шудам
-Барвақт бева монда бори зиндагӣ ва таъмини чор фарзанди ноболиғ пурра бар душам буд. Илова бар ин кори амиқ ва манбаи даромаде надоштам. Вақтҳои охир чунон бемадор будам, ки аз саҳарӣ гӯё кори вазнину сангин карда бошам, тез хастаю бемадор мешудам. Ҳатто дар чилаи зимистон арақзеркунии шабона доштам. Аммо ин нишонаҳоро ба таври худ серкорӣ ва ғаму ташвишҳои рӯзгор мепиндоштам. Билохир ҳолатам аз бемадорӣ ва хастагии рӯз ба рӯз афзоянда, ба бехобию лоғаршавӣ расид-нақл кард сокини ҷамоати Оқсойи ноҳияи Лахш, Майсара Абдурозиқова (ном ба хоҳиши бемор дигар карда шудааст).
-Иштиҳоям баста шуда, гоҳо нафасам танг мешуд. Ҳар гоҳ ки сулфа кунам дарди қафаси сина мегирифт. Боз ҳам фикр мекардам, ки дард бар асари шадидии сулфа сар задааст ва хавфе надорад. Рӯзи 8-уми март буд. Ҳама апаву хоҳарон ба хонаи модарам рафтем. Хурду калон маро, ки дер боз надида буданд, дида ҳайрон монданд, ки хеле лоғар шуда будам. Ду-се рӯз пас аз меҳмонии хонаи падарам бо маҷбурсозии модару хоҳаронам ба духтур омада аз ташхис гузаштам. Ташхис нишон дод, ки ман гирифтори бемории сил шуда будаам. Духтурон табобати ҳатмӣ фармуданд, ки бояд бистарӣ шавам.
Тарс аз табобатпулӣ доштам, намедонистам, ки табобати сил ройгон аст
Вақте духтурони силшиноси ноҳия табобати ҳатмӣ фармуданд аз ду чиз тарс доштам: Якум хавотирӣ аз кӯдаконам, дуюм тарси табобатпулӣ. Аммо намедонистам, ки табобати ин беморӣ ройгон аст. Дар аввал “Кӯдакони маро кӣ нигоҳубин мекунад?” гӯён саркашӣ кардам. Духтурон ба наздиконам фаҳмониданд, ки агар ман табобат нагирам ҳам фарзандонам ва ҳам хешу табор сироят меёбанд. Аммо камбизоат, ки ҳастем аз табобатпулӣ ҳарос доштем. Духтурони силшиноси ноҳия фаҳмониданд, ки табобат пурра ройгон ва дорувориҳои лозима ҳам ройгон дастрас мешавад. Ин ҳама ғамхориҳои моддӣ-маънавӣ маро водор кард, ки дер накарда ба табобат пардозам. Моҳе пас мӯҳлати табобатам пурра ба охир мерасад. Ман аз сидқ миннатдор ҳастам.Аз духтурони силшиноси ноҳия ва ташкилотчиҳои барномаи Юсаид, ки ғами мо-беморони камбағалро хӯрда, аз чанголи дарду марг наҷот бахшиданд-изҳори миннатдорӣ кард бемори шифоёфтаи сил-Майсара Абдурозиқова.
Беморони сил бисёр ҳассос ва ҳатто эрка мешаванд
Соли 2017 ҳамагӣ 17 бемори сил ба қайд гирифта шуда буд. Дар шаш моҳи соли 2018 бошад 7 нафар гирифторони ин намуди беморӣ ба табобат фаро гирифта шуданд. Агар ба дигар шаҳру ноҳияҳо қиёс кунем ноҳияи Лахш, ки беш аз 59 ҳазор аҳолӣ дорад гирифторони бемории сил нисбатан кам аст, аммо бо ин қонеъ набояд шуд. Агарчӣ 7 бемори сил дарёфт шуда бошад ҳам, 7 рӯзи ҳафта мо корбарӣ мекунем, то дардро решакан кунем- гуфт Гулмира Абдуқодирова, директори беморхона сили ноҳияи Лахш.
-Барои бемории силро табобат кардан бояд ҳар одам, ҳам табиб ва ҳам шаҳрванд ба ҷои мариз худашро монда бинад. Зеро беморон бисёр ҳассос ва ҳатто эрка мешаванд. Барои ҳар кадоми онҳоро ба табобат ҷалб кардан ва нафарони саркашро розӣ кунонидан на танҳо табиб, балки психолог будан даркор. Ягон кор бемушкилӣ намешавад, хоса кори соҳаи тандурустӣ. Аз ин рӯ ҳар духтур, хоҳ духтури силшинос бошад, хоҳ соҳаи дигар бояд тобовар бошад, то дарди беморро бештарњис кунад.
Вақте ба пеши мо беморони сили микробхориҷкунанда меояд, мо маҷбурем барои дилмонда нашуданаш ва худро аз дигарҳо кам надиданаш аз ҷои нишастамон бархеста дар паҳлӯяш нишаста, ҳолпурсӣ кунем. Ҳар қадар ки мо аз бемор худамонро дур гирем, ӯ аз табобат ва ҷамъият ҳамон андоза худашро дур мекашад- афзуд гуфт Абдуқодирова.
Гулмира Абдуқодирова, директори беморхона сили ноҳияи ЛахшДар пеши бемор гиря кардам, то раҳмаш омада ба табобат розӣ шавад
Дар ноҳияи мо ҳам мушкилиҳо ҳаст, вале дар баробари мушкилиҳо шукрона, ки пешравию ободкориҳо ҳам шуда истодааст. Барои дарёфти бемории сил ва ба табобат ҷалб кардани онҳо ҳам ман ва ҳам аъзоёни кумитаҳо якҷоя корбарӣ мекунем. Ба ҷамоатҳои дуру наздик, аз ҷумла Шилбилӣ, Оқсой ва Олғаи ноҳия ба мушкилии роҳ ё будану набудани нақлиёт нигоҳ накарда ба хонаи беморони сил меравем. Аксаран ба хонаи он бемороне меравем, ки тахшис дар онҳо бемории силро пайдо кардааст, вале ба табобат саривақт ҷалб намешванд. Мо ба хонаи онҳо рафта ҳам бо бемор ва ҳам бо аъзоёни оилаи ӯ аз наздик сӯҳбат мекунем. Хатари беморӣ ва зарурати табобатро мефаҳмонем. Дар таҷриба шудаанд ҳолатҳое, ки бемори ноболиғ не, балки марди солоре, ки гирифтори сили фаъоли шуш буд, аз табобати шадидан саркашӣ кард, моро аз хонааш пеш кард. Нахост идомаи суханонамонро гуш кунад…
Хуллас кор ба дараҷае расид, ки ба чор фарзанди ӯ дилам сӯхта гиря кардам ва шояд гиряи ман раҳми ӯро овард, ки худи ҳамон ҳафта ба табобат сар кард. Сил, ки бемории иҷтимоӣ аст, ҳар ободӣ ва ҳар пешравӣ боис мешавад, ки шумораи нафарони бемории сил ба таври автоматӣ кам гардад- афзуд, Гулмира Абдуқодирова.
На ҳама сироятёфтагон гирифтори беморӣ мешаванд, зеро…
Нисбат ба саломатӣ ҳеҷ гоҳ беаҳамият набояд шуд. Зеро ба бемории сил тамоми узвҳои инсон гирифтор шуда метавонанд, ғайр аз мӯй ва нохун. Чуноне ки мегӯянд “табиби ҳар кас худи ӯст”. Аз ин рӯ аз худи табиб сар карда, то шаҳрвандони бемору сиҳат бояд нисбати саломатии худ боаҳамият ва ғамхор бошанд. Ба бемории сил қариб ҳамаи қишри аҳолӣ гирифтор шуданашон мумкин аст. Касе кафолат дода наметавонад, ки ӯ ҳеҷ гоҳ ба ин беморӣ гирифтор намешавад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба бемории сил бештар шахсоне гирифтор мешаванд, ки сатҳи зиндагиашон ниҳоят паст аст ва ин пастии шароит ба паст шудани неруи бадан сабаб мегардад. Таҷриба ва таҳлилҳо нишон медиҳад, ки одамоне, ки иммунитети баданашон суст аст, ғизои носолим мехӯранд, камқуввату бемадоранд, дар шароити бади иҷтимоӣ ҳаёт ба сар мебаранд ва рӯҳафтодаю маъюс мебошанд, бештар гирифтори бемории сил мегарданд.
Инчунин, сил ба наздикону атрофиёни шахси гирифтори сили шадид, маҳбусон, заноне, ки фосилаи байни таваллудро риоя намекунанд, нафарони мубталои ВНМО (ВИЧ), майхорагону нашъамандон, одамони бесарпаноҳ, ба одамоне, ки бемориҳои музмин ( монанди диабети қанд, захми рӯдаю меъда, саратон) доранд ва дар минтақаҳои аз нигоҳи вазъи эпидемологии сил пурхавф кору зиндагӣ мекунанд, таҳдид менамояд гуфт, Рамазон Сафаров, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Лахш.
Хонандагони ММТУ ҳам оид ба сил маълумот доранд
—Падару модарам ҳарду пешаи табибӣ доранд. Аз хурдӣ хуб медонам, ки дили нафарони бемор нозук мешавад ва оддитарин сухан ё амал онҳоро дучанд рӯҳафтода мекунад. Аз ин хотир бо беморон эҳтиёткорона бояд рафтор кард. Шахсан ман ба ҳар тую маъракае, ки равам дар паҳлӯи беморон ё маъюбону қишри ниёзманд менишинам, чунки ҳамин оддитарин рафтор онҳоро хеле болида месозад. Таҳлилҳо нишон дода истодаанд, ки имрӯз дар ноҳияи мо сатҳи огоҳии мардум оид ба бемории сил хеле боло рафтааст. Ҳатто ба мактабҳои тањсилоти умумї рафта оид ба бемории сил пурсиш гузаронӣ хонандагони синфҳои ибтидоӣ низ саволатро беҷавоб намемонанд. Чунки яке аз аъзоёни фаъоли кумитаи маҳаллаҳо-омӯзгорон мебошанд. Хуб аст, ки имрӯз мардум дарк кардаанд, ки сил бемории авлодӣ нест ва табобатшаванда аст. Имрӯз дар байни аҳолии минтақа пурсиш гузаронӣ бемуболиға беш аз 70%-и мардум оид ба ин беморӣ маълумот доранд. Зеро доимо дар ҳар вохӯрӣ бо аҳолӣ ва рафти корҳои фаҳмондадиҳиву дигар чорабиниҳо такрор ва таъкид карда мегӯем: -Сироятёбӣ бо микробактерияи сил ба тарзи ҳавоӣ — қатрагӣ ба амал меояд-гуфт Баротзода Файзулло Раҷаб, раиси ноҳияи Лахш.
Баротзода Файзулло Раҷаб, раиси ноҳияи ЛахшБо беморони сил муносибати хуб накардан, худро бемор кардан аст
Имрӯз нисбат ба солҳои қаблӣ масъалаи доғгузорӣ дар байни беморони сил хушбахтона ба таври назаррас кам шудааст ва қариб ки аз байн рафтааст. Аммо дар баробари шахсони бофаҳму бофарҳанг ҳастанд нафароне, ки баъд аз муолиҷа гирифтани беморони сил муносибаташонро ба таври манфӣ тағйир медиҳанд. Дӯстию рафтуояшонро кам карда, худро аз табобатёфтагон дур мегиранд, ки куллан нодуруст аст. Зеро ҳар гуна амали мо душмани худи мо мешавад. Вақте ба як бемори шифоёфта, ки худ аз ҷиҳати рӯҳӣ-равонӣ озурда шудааст, озурдатар муносибат мекунем, бемороне, ки дар ҳоли табобатбудањастанд шояд аз идомаи табобат саркашӣ намуда, табобатро қатъ намоянд. Муносибати ғайригуманистии мо боиси кандашавии табобати бемор ки шуд, бешубҳа худи мо ё наздикони мо аз ҳавои микробхориҷкардаи ӯ нафас гирифта, бемор мешавем. Бо як ҷумла метавон гуфт: Бо бемори сил муносибати хуб накардан, худро бемор кардан аст-гуфт Ғаффорова Насиба, роҳбари КАТС-и ноҳияи Лахш
Вазифаи наздикони бемор дар вақти табобати бемор
Вазифаи ман сардори гурӯҳи дастгирии бемории сил дар ноҳия аст. Мо ҳам барои дарёфти беморӣ ва ҳам ба табобат ҷалб шуданионҳо сайру талош меварзем. Дар ин радиф бо наздикони бемор низ корҳои фаҳмондадињӣ мегузаронем. Аввалин саволе, ки волидон, фарзандон ва пайвандони бемор ба мо медиҳанд, “дар ин давра мо бояд чӣ корҳоро иҷро кунем?” мебошад. Дар посух ба ин савол мегӯем:
Давлатов Шаҳоб, сардори гурӯҳи дастгирии бемории сил дар ноҳияи Лахш.
-Аввалан худро канор нагиранд, беморро ҳаматарафа дастгирӣ ва рӯҳбаланд намоянд. Дуюм, тартиби хӯрдани доруҳои беморро назорат намоянд. Беморро дилпур намоянд, ки комилан шифо меёбад. Ва муҳим аз ҳама ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ эътибор диҳанду барои дар ҳавои тоза, хонаҳои барҳаво истироҳат кардани бемор шароит муҳайё намоянд-гуфт Давлатов Шаҳоб, сардори гурӯҳи дастгирии бемории сил дар ноҳияи Лахш.
Раис: Вақте сил мегӯем, аввал ташаббусҳои USAID пеши чашм меояд
Вобаста ба саволи сокинон, ки “Пас, чӣ гуна одам аз ин беморӣ сироят меёбад?” чунин посух медиҳем:-Хоҳ шахси бемор бошад хоҳ сиҳат аслан дар ҷои ҷамъиятӣ ва роҳу роҳравҳо туф кардан аз рӯи маданияти инсонӣ дуруст нест. Аммо мутассифона чунин ҳолатҳо ҳамарӯза мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ манбаи асосии микробхориҷкунии сил аслан, ҳангоми сулфа, атса, туф карани балғам ва муошират кардан шахси бемор ба муҳити атроф қатраҳое хориҷ мекунад, ки онҳо дар худ барангезандаҳои бемории силро доранд. Шахси солим аз ин ҳаво нафас кашида, аз эҳтимол дур нест, ки сироят ёбад.
Раиси ноҳияи ЛахшБо кӯмаки ин барномаи ЮСАИД ба минтақаи Рашт ва ноҳияи мо-Лахш кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ ташкил карда шудааст, ки барои сари вақт дарёфт намудани беморон ёрии аввалиндараҷа мерасонанд. Ин ҳама чораҷӯиҳо бо дастгирии бевоситаи ЮСАИД амалӣ гардидаанд, ки ман ҳамчун раиси ноҳия миннатдории худро мерасонем.Вақте сил мегӯем ва сухану масъала аз бемории сил меравад, бешак аввал ташаббусҳои USAID пеши чашм меояд- афзуд Баротзода Файзулло Раҷаб.
Фарзона Муродӣ
Хуҷанд-Лахш-Хуҷанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ