Мбаппе дигар дар «ПСЖ» нест
Ҳамлавари фаронсавӣ Мбапперо роҳбарияти бошгоҳи «ПСЖ» аз рӯйхати иштирокдорони ҷамъомадҳои таълимӣ, ки дар Ҷопон мегузаранд, расман хориҷ карданд. Футболбоз инчунин дар бозиҳои дӯстона низ иштирок нахоҳад кард.
Ӯро дар фурӯш монданд, аммо то ҳол арзиши гузаришаш маълум нест. Харидори асосии Мбаппе бошгоҳи шоҳонаи «Реал Мадрид» аст, аммо тибқи хабарҳо дастаи мазкур имсол дигар футболбоз намехарад.
«Реал Мадрид» ва Мбаппе нақша доштанд, ки як мавсими дигар футболбоз дар «ПСЖ» меистад ва соли оянда ройгон ба даста мегузарад, вале чунин футболбози гаронро роҳбарияти бошгоҳи ҳозирааш ройгон аз даст додан нахостанд ва шарт гузоштанд, ки ё шартномаашро соли оянда тамдид мекунад ё имсол фурӯхта мешавад. Тавре маълум шуд, варианти дуюм қабул шудааст. Ҳоло бошгоҳи «Реал Мадрид» интизор аст, ки арзиши гузариш чӣ қадар маълум мешавад ва тамоми мухлисон бошанд, гузариши футболибозро мунтазиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ