Меҳмонони Қазоқистон дар шаҳри Бохтар

Намояндагони Қазоқистон ба хотири баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ба вилояти Хатлон омаданд. Онҳоро шаҳрдори Бохтар ва дигар масъулин дар назди муҷассамаи Шоҳ Истимоили Сомонии шаҳри Бохтар дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд.

Баъдан барои шиносоии бештар ба таъриху тамадуни мардуми тоҷик онҳоро ба ба Осорхонаи вилояти Хатлон бурданд.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз имрӯз, 21 август Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар шаҳри Бохтар гузаронида мешавад. Ин барнома ба хотири боз ҳам пурзӯр намудани раванди дӯстӣ, беҳтар кардани муносибатҳои байниҳамдигарӣ, табодули таҷриба ва шинос шудан аз фарҳанги якдигарӣ баргузор мешавад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *