Меҳмонон аз Сурхондарё ба Хатлон омаданд
Намояндагони вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии раиси ин вилоят Тӯра Боболов ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. Мақсад аз сафар боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо миёни ду вилоят гуфта мешавад.
Мақсади ташрифи меҳмонон таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ миёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор меравад.
Меҳмонон давоми ду рӯз аз корхонаҳои саноатӣ, гармхонаҳои замонавӣ, мавзеҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо ва заминҳои кишоварзии вилояти Хатлон дидан хоҳанд кард.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Данғара баргузории Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар назар аст. Дар ин форум муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муаррифӣ карда мешавад.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ