Меҳмонон аз Маҷмааи тандурустӣ ва корхонаи семент дидан карданд

Меҳмонон аз Маҷмааи тадурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” дар ноҳияи Қубодиён ва ҶДММ “Моҳир семент” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан карданд.

Бояд гуфт, ки ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати сарони давлатҳои бо ҳам дӯсту бародар — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарор дорад. Дар заминаи равобити дӯстона Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сохта шудааст. Масоҳати умумии Маҷмааи тандурустӣ 6 гектар буда, бинои асосии он аз 4 ошёна иборат аст. Ҳамчунин ду бинои дигари сеошёна сохта шудааст. Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» дорои 200 кат аст ва барои ташхису табобати беморон шароити муосир фароҳам карда шудааст.

Дар идомаи сафар намояндагони вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҶДММ “Моҳир семент”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан карданд. Онҳоро Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳамроҳӣ намуд.

Зимни боздиди меҳмонон гуфта шуд, ки ҶДММ “Моҳир семент” дар минтақаи саноатӣ ҷойгир аст. Ин ҷамъият бо харҷи 380 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона 600 000 тонна семент дар як сол мебошад. Ҳоло дар ин ҷамъият бештар аз 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъминанд.

ҶДММ “Моҳир семент” калонтарин корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, дар истеҳсоли маҳсулоти хушсифати сохтмонӣ ва коҳиш додани сатҳи бекорӣ мусоидат мекунад.

Дар ин бора ба Pressa.tj аз шуъбаи иттиоотии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *