Меҳр дар чашм. Тоҷикистон меҳмони вежаи Эрон

11-уми майи соли равон дар шаҳри Теҳрон — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон 34-умин давраи Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” оғоз шуд, ки Тоҷикистони мо меҳмони вежаи ин чорабинии бошукуҳ аст. Аҳли фарҳанги тоҷику эронӣ ин падидаро қадами ҷиддӣ барои густариши муносибатҳои фарҳангии ду кишвар арзёбӣ мекунанд.

Намоишгоҳи китоб

Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” яке аз калонтарин намоишгоҳҳои китоб дар ҷаҳон ва падидаи муҳими фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Он соли 34-ум аст, ки баргузор мешавад ва ноширону эҷодкорони саросари оламро ба ҳам меорад. Ҳамасола як кишвар меҳмони вежаи намоишгоҳ мешавад. Соли равон Тоҷикистон ин мақомро дорад. Бинобар ин, таваҷҷуҳи бештари иштирокчиёни намоишгоҳ ба ғурфаи бошукуҳи кишвари мост.

Дар маросими ифтитоҳи ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдии Исмоилӣ, раиси Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон”, муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёсир Аҳмадванд, намояндагони корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Теҳрон, ноширон, адибон, боздидкунандагон, хабарнигорон ва фаъолони расонаӣ иштирок намуданд. Давоми ин рӯзҳо дастовардҳои ноширони тоҷик, китобҳои тозанашр муаррифӣ шуда, маҳфилҳои илмиву адабӣ ва силсилачорабиниҳои дигар бо иштироки ҳайати Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба ин муносибат як ҳайати беш аз 40-нафараи адибон, олимон, ноширон, журналистон ва ҳунармандони тоҷик ба Теҳрон омадаанд.

Намоишгоҳи “Китоби Теҳрон” ба рӯзҳое рост омад, ки дар Эрон Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ ва забону адаби форсӣ баргузор мешавад. Ин сана мувофиқи тақвими мо ба 15-уми май ва ба тақвими эронӣ 25-уми урдубиҳишт рост меояд.

Дар ин ҳамоиши бошукуҳе, ки бо ташаббуси Фарҳангистони забону адаби форсӣ баргузор гардид, аз Тоҷикистон шоира Гулрухсор ва профессор Сафар Абдулло, ки ҳар ду узви фарҳангистони номбурда ҳастанд ва сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ иштироку суханронӣ карданд.

Умедвории ду сафир

Аҳли фарҳанги ду кишвар баргузор шудани намоишгоҳи “Китоби Теҳрон” ва ба сифати меҳмони вежа баргузида шудани Тоҷикистонро фоли нек ва қадами устувор барои густариши иртиботи фарҳангии ду кишвар арзёбӣ мекунанд.

Аз ҷумла, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ мегӯяд, ки равуои фарҳангиёни тоҷику эронӣ василаи муҳими мустаҳкам кардани муносибатҳои ду кишвар аст.

“Мо бисёр хурсандем, ки тайи ду-се соли охир бо иродаи роҳбарони ду кишвар — Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Эрон Саид Иброҳими Раисӣ ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои мо рӯ ба густариш ҳастанд. Соли гузашта пас аз танаффуси 14-сола Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон ва баръакс, аз Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд. Аҳли ҳунар ва илму адаби тоҷику эронӣ ба муносибате меҳмони ҳамдигар шуданд. Мардуми тоҷик мегӯянд, ки “меҳр дар чашм” аст. Воқеан, равуои фарҳангиён, аҳли илму адаб боиси он мешавад, ки иртиботи мо қавитар гардад,-мегӯяд Низомиддин Зоҳидӣ.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳуриии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ низ аз густариши равобити фарҳангӣ фоли нек меҷӯяд: “Ҳавзаи фарҳании мо бояд дар ҷаҳон намуна бошад, зеро мо меросбари як фарҳанг ҳастем. Бо боварӣ метавонам гуфт, ки имрӯз муносибатҳои кишварҳои мо дар ҳама самт пеш меравад. Ва барои ноил гардидан ба ҳадафҳои бештар нақши фарҳангиён зиёд аст. Маҳз фарҳангиён ҳастанд, ки пули иртиботии ду кишвар мешаванд”.

Пешниҳоди Зоҳидӣ

Дар Теҳрон бо сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ суҳбати алоҳида доштем ва аз дастоварду камбудиҳо пурсидем.

Низомиддин Зоҳидӣ аз ҷумла гуфт: “Феълан муносибати Тоҷикистону Эрон дар ҳамаи самтҳо дар ҳоли густариш аст. Вале чун мо дар рӯзҳои Намоишгоҳи китоб ҳастем, дар ин бора ҳарф мезанам. Тайи 2-3 соли охир дар Эрон 60 китоби нависандагони тоҷик нашр шуд. Осори олимони мо низ дар самтҳои гуногуни илм ба хати форсӣ баргардон ва дар Эрон чоп гардид. Ду китоби Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин ҷо чоп шуд. Ду сол пеш ҷилди аввали “Забони миллат ҳастии миллат” нашр ва зимни рӯнамоии бошукуҳ муаррифӣ шуд. Ҷилди дувуми ин китоб низ феълан дар марҳилаи нашр ва рӯнамоӣ аст”.

Низомиддин Зоҳидӣ аз ҷумла чанд мушкил ва роҳи ҳалли онҳоро низ зикр намуд:

Якум. Мо то ҳанӯз низоми мураттаб ва муназзами тасмимгирӣ дар мавриди баргардон ва нашри китобҳоро дар кишварҳои ҳамдигар надорем. Алъон, китобҳое ки нашр мешаванд, дар заминаи иртиботи худи муаллифон сурат мегирад. Ҳадафи мо ин аст, ки ин раванд мураттаб ва муназзам бошад. Яъне як шӯрои адабӣ байни ду кишвар таъсис бояд шавад, ки тасмими нашри китобҳои Тоҷикистонро дар Эрон ва баръакс Эронро дар Тоҷикистон бигиранд.

Дуюм. То ба имрӯз бештар осори шоирони тоҷик дар Эрон нашр шуда, асарҳои нависандагони мо қариб ки дар ин кишвар чоп нашудаанд. Барои мисол китобҳои нависандагони барҷастаи мо Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Сорбон, Кӯҳзод ва дигарон дар Эрон рӯйи чопро надидаанд. Мо бояд дар ин самт бештар кор кунем, зеро арзиши бадеии насри муосири тоҷик аз назми он камтар нест.

Сеюм. Мо ният дорем, ки дар оянда ҳамкориҳои фарҳангиамонро густариш бидиҳем ва бузургдошти адибонамонро якҷо таҷлил кунем. Зеро, фарзи мисол, дар Тоҷикистон 22-юми сентябр Рӯзи бузургдошти устод Рӯдакӣ аст, дар Эрон бошад, 5-уми январ. Вале агар мо ин санаро якҷо қайд кунем, ҳам боиси ба вуҷуд омадани таҳқиқоти ҷадид мешавад ва ҳам иртибот қавӣ мегардад…

Одил НОЗИР, шаҳри Теҳрон

P.S. Ҳанӯз Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” ва сафари мо ба Эрон идома дорад. Нукоти муҳими ин сафарро муфассал хоҳем навишт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *