Навори итоат накардан ба талаботи қонунии корманди бозрасӣ таҳқиқ шуд

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе расман иттилоъ дод, ки новори ба амру талаботи қонунии корманди бозрасӣ итоат накардани ронандаи воситаи нақлиёти мусофирбар, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, вокунишҳои гуногунро ба миён оварда буд, мавриди санҷиш қарор дода шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки ҳодисаи мазкур санаи 3-юми майи соли ҷорӣ дар маҳаллаи Гулбутта, назди маркази савдои «7 Ахтар» рух додааст.

— Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 1232ТТ09, шаҳрванд Гулов Наҷибулло Нурович, санаи таваллудаш 02.01.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Фириштӣ, ки дар хатсайи №52 кору фаъолият мекунад, автомашинаи худро дар болои хати пиёдагузар таваққуф намуда, ба гирифтани мусофирон машғул шуда, тамбашавии дигар воситаҳои нақлиётро ба миён овардааст. Корманди бозрасӣ ба ин қоидавайронкунии ронанда эрод гирифта, ҳуҷҷатҳои ронандагиашро талаб намудааст. Аммо ронанда Гулов Наҷибулло ба талаботи қонунии корманди милитсия итоат накарда, дағалона рафтор намуда, аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ронандагӣ саркашӣ намудааст. Ҳамзамон, номбурда дар назди дигар шаҳрвандону мусофирони дохили автомашина бо садои баланд ба иғвоангезӣ даст зада, монеи фаъолияти корманди бозрасӣ шуда,  автомашинаи худро гузошта рафтааст,- меафзояд манбаъ.

Вобаста ба таваққуфи нодуруст нисбати шаҳрванд Гулов Наҷибулло тибқи талаботи моддаи 324-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, автомашинаи номбурда тавассути нақлиёти «Эвакуатор» ба ҷаримагоҳ дастрас карда шудааст.

Ҳамзамон, барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия, нисбати шаҳрванд Гулов Наҷибулло тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *