Омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар алоқамандӣ бо убури оммавии гурезагон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR) ва дигар шарикони рушд тамрини серӯзаи моделиронӣ (SIMEX) дар Тоҷикистон баргузор намуд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии SIMEX санҷиши омодагӣ ва қобилияти вокуниши мақомоти дахлдори ҳукуматӣ ва созмонҳои калидии башардӯстона ва рушд ба офати эҳтимолии табиӣ ё вуруди паноҳҷӯёни бурунмарзӣ ба кишвар буд.

Чорабинӣ барои беҳтар кардани ҳамоҳангсозии сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои башардӯстона ва рушд, инчунин ба ҷонибҳои асосии манфиатдор барои санҷидани нақшаҳои омодагӣ ва вокуниш ба ҳолати изтирорӣ ва ошкор кардани камбудиҳо замина гардидааст.

Раиси КҲФ, намояндаи доимии СММ ва намояндаи Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR) дар суханронии ифтитоҳии худ аҳамияти SIMEX-ро дар баланд бардоштани омодагӣ ва вокуниши ҷонибҳои асосии манфиатдор таъкид кардаанд.

Намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Рамасвами Парватӣ зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ гуфтааст: «SIMEX як чорабинии саривақтист, ки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои башардӯстона ва рушд ва ҳамчунин созмонҳои ғайридавлатиро барои омодагӣ ба чунин ҳолатҳо муттаҳид мекунад. Мо имрӯз барои мубодилаи таҷрибаву дониш ва якҷоя амал кардан барои баррасӣ ва таҳияи стратегияҳо ва нақшаҳое, ки ба мо дар коҳиш додани таъсири ин мушкилот ба ҷомеаҳо кумак мерасонанд, ҷамъ омадаем”.

Дар SIMEX намояндагони муассисаҳои СММ, шарикони башардӯстона ва рушд, инчунин тақрибан 20 намоянда аз вазорату идораҳои гуногун, ки дар машқҳои моделиронӣ ширкат варзидаанд, иштирок намудаанд. Машқҳои моделиронӣ, ки аз 15 то 17-уми май баргузор шудаанд, аз қисмати назариявӣ дар Душанбе ва қисмати амалӣ дар саҳро дар Маркази ҷойгиркунии муваққатии гурезаҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иборат будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *