Суғд: Аҳмадзода ҷавонони маъюби вилоятро хурсанд кард

Ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода як гурӯҳ ҷавонони маъюбу беморро аёдат кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, аз ҷониби роҳбари вилоят дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷавонони бемор ба аёдат фаро гирифта шуда, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонида шуд.

Раиси вилоят нахуст дар шаҳри Бӯстон маъюби гурӯҳи 2 Эҳром Эшонзода ва маъюби гурӯҳи 1 Дилором Тӯлиеваро аёдат кард. Дар шаҳри Гулистон маъюби гурӯҳи 2 Беҳрӯз Абдулатифзода ва Халичабегим Мирхолова, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъюби гурӯҳи 2 Муродҷон Шарипов, Мирзораҳим ва Маҳина Муъминовҳо, дар шаҳри Хуҷанд маъюби гурӯҳи 2 Абӯбакр Файзиматов, маъюбони гурӯҳи 1 Нурулло Қосимов ва Суҳроб Аминов ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.

Раиси вилоят зимни аёдат таъкид кард, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, бахусус беморону ниёзмандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳар сафари худ ба вилоят бо ятимону ниёзмандон мулоқот мекунанд ва ин қишри ҷомеа таҳти ғамхории доимии давлат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *