Дар шумораи №20-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Хушдоманам талоқамро дод, чӣ кор кунам?”, “Занам зангириамро намедонад”, “Писарам зани тоҷик намехоҳад” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобномаи исломӣ” таҳти унвони “Садама дар хоб чӣ таъбир дорад?” ба суоли хонандаи ҳафтанома посух дода шудааст.

“Падарам бомж буд”. Чунин унвон дорад зиндагиномаи як зан, ки аз хурдӣ падари худро надидаву танҳо пеш аз марг бо ӯ шинос мешавад. Ҳарчанд дар чунин сурат гирифтани сарнавишти худ аз модар гила надошта бошад ҳам, дар рӯзи ҷанозаи падар фаҳмидани он ки лаҳзаҳои охирини умри хешро падараш бо сахтиву хориву зорӣ паси сар намудааст, ӯро ором намегузорад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома таҳти рубрикаи “Оила ва ислом” саволу ҷавобҳои динӣ ва маводи кӯтоҳеро зери сарлавҳаи “59 ҳазор сомонӣ нархи сафари Ҳаҷ-2023” мутолиа карда метавонед.

“Даҳшатбону” қиссаи навбатиест, ки дар бораи бадахлоқиву бефаросатии як зан нақл мекунад. Қиссаи мазкур давомдор буда, анҷоми онро дар шумораи навбатии ҳафтанома мутолиа кардан мумкин аст.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз “Асали ёр”-и Ёсамин Давлатова то “Нея”-и Nek xxl ва Shahkom” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Аз ҳаёти ситораҳо” таҳти унвони “Сюрприз”-и Нигина ва Мадина дар Австралия” мусоҳибаро аз рафти сафари ҳунарии ҳунармандони шинохта Нигина Амонқулова ва Мадина Ақназарова мутолиа намоед.

Зери рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Чаро марди солим аз лаззати падарӣ бебаҳра мемонад?” маводи тиббиро дар боби безурётии мардона мутолиа намоед.

“Дар Ҳаҷ аввал Ватан пеши назар омад”. Чунин ном гирифтааст мусоҳибае, ки зери рубрикаи “Хонавода” бо “барбер”, яъне сартароши шинохта Абдулло Шарипов, ки ҳамчун шавҳари ровии маъруф Сабринаи Назрӣ шинохта шудааст, анҷом дода шудааст.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *