Меҳринисо: Ман шоири хушбахтам!
Ӯ дӯсти Аҳмад Зоҳир буд ва ҳатто бо ӯ якҷоя суруд хондааст. Беш аз 700 шеъри ӯро сарояндагони маъруфи тоҷик оҳанг баставу месароянд. Бо вуҷуди он ки соҳибнуфуз буд, барои унвону ҷоиза талош накард. Ҳатто курсии Маҷлиси Олиро барои гирифтани унвон истифода набурд. Сухан аз Меҳринисо аст. Шоири мардумие, ки ин унвонро надорад…
Меҳри шеър
Меҳринисо Бобобекова 19-уми январи соли 1950 дар Панҷакент таваллуд шудааст. Мегӯяд, аз кӯдакӣ падар дар қалби ӯ меҳри адабиётро бедор намудааст. — “Шиносоии ман бо қаламу коғаз ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ буд. Дар ин шиносоӣ ва ба қавле, дӯстии абадӣ таъсири муҳит ва волидонам, махсусан падарам хеле зиёд аст. Он кас бисёр шеърдӯст буданд. Аз осори шоирони классикамон хеле зиёд қиро¬ат мекарданд ва ҳамчунин мақомхон буданд. Дар гӯшам доимо шеъру суруд садо медод, ҳамеша бо китобҳо рӯ ба рӯ мешудам ва ин ҳама ба ман талқин кард, ки сухандӯсту шеърдӯст бошам. Инчунин, дар мактаб низ, муаллимаи фанни адабиётам сахтгир буданд ва бовар кунед, аз ёд кардани шеър бароям ҳамчун ид буд. Бисёр мехостам шеър аз ёд кунам ва дар ҳузури ҳамсинфон қироат намоям. Ҳамон замони мактабхонӣ каму беш шеърнависиро оғоз кардам. Ҳамин тавр, дӯстии ману қаламу коғаз оғоз шуд ва шукр, то имрӯз мустаҳкам аст”. Вале бо вуҷуди ишқу алоқа ба шеъру адабиёт, пас аз хатми макатаби миёна Меҳринисо соли 1972 ба бахши таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат месупорад. — “Азбаски хоҳарбузургам дар фа¬кулети филология таҳсил мекарданд, ман ба факултети шарқшиносӣ дохил шудан мехостам, аммо чун он замон довталабони факултети мазкур ниҳоят зиёд буданд, ба факултети таърих до¬хил шудам, ки албатта, хоҳишмандон дар ин факултет ҳам кам набуданд. Яъне, он замон хостам, дар як оила ду кас як соҳаро наомӯзад”. Бо вуҷуди таҳсил дар факултаи таърих Меҳринисо аз замони донишҷӯйӣ бо нашрияҳо ҳамкорӣ оғоз намуд ва пас аз хатми донишгоҳ фаъолияташро дар маҷаллаи «Фирӯза» оғоз кард. Баъдан, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, мушовири Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо мамолики хориҷӣ ва мутахассиси Бунёди Созмони милал оид ба дастрасии занон ба моликият кор кардааст. Аз моҳи майи соли 1996 раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯ» мебошад. Аз соли 2015 то соли 2021 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар буд. Дорандаи ордени “Шараф” аст.
Дӯстӣ бо Аҳмад Зоҳир
Шиносоӣ ва дӯстӣ бо алмоси Шарқ — Аҳмад Зоҳир яке аз муҳимтарин воқеаи зиндагии Меҳринисо аст. Шоира, аз соли 1973 то 1976 ҳамроҳи шавҳараш Шаҳбоз Кабиров, ки ба ҳайси тарҷумон ба Афғонистон фиристода шуда буд, дар Кобул зиндагӣ мекарданд. Он солҳо олим ва сарояндаи шинохта Ҷӯрабек Назрӣ низ, дар Кобул фаъолият мекард. Маҳз Ҷӯрабек Назрӣ Аҳмад Зоҳирро ба хонаи Шаҳбоз Кабирову Меҳринисо овард ва дӯстии онҳо оғоз шуд. Меҳринисо, ҳатто бо Аҳмад Зоҳир дуэт сароидааст, ки чанд сол қабл журналист Султони Ҳамад сабти онро пайдо ва расонаӣ карда буд. Меҳринисо хотироташро дар бораи Аҳмад Зоҳир борҳо ба рӯзноманигорон нақл кардааст. Соли 2024 дар шаҳри Душанбе консерти писари Аҳмад Зоҳир Ришод Зоҳир баргузор шуд, ки яке аз ташаббускоронаш Меҳринисо буд…
Ҳамкорӣ бо сарояндагон
Меҳринисо яке аз шоироне аст, ки сарояндагон пайваста ба эҷодиёти ӯ муроҷиат мекунанд. То имрӯз беш аз 700 шеъри ӯро сарояндагони тоҷик сароидаанд. Аз ҷумла, Ҷӯрабек Муродов, Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Назриев, Парда Қосим, Сабоҳат Наҷмиддинова, Зулфиқори Азиз ва даҳҳои дигар ба шеърҳояш оҳанг бастаанд. Дар мавриди ҳамкориаш бо Одина Ҳошим Меҳринисо мегӯяд: — “Ду шеъри ман дар маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” (ҳоло “Фирӯза”) чоп шуд. Сипас, ба шеъри “Сари ба¬ланди марди деҳ кулоҳро чӣ мекунад?” равоншод Одина Ҳошим оҳанг баста, сароиданд. Рӯзе занги телефон ба¬ланд шуд. Гӯширо бардоштам, ки аз он сӯй садои устод омад. Бисёр самимӣ ҳолпурсӣ карданд ва пурсиданд: «Ба як шеърат оҳанг баста, хондам. Оё аз та¬риқи телевизион баромадамро дидӣ?» Ман изҳори бехабарӣ кардам ва он кас гуфтанд, ки «надида бошӣ, гӯш кун, ҳозир месароям». Устод, ба хондани суруд оғоз карданд. То нисфи суруд расиданд, ки мутаассифона, сими те¬лефон канда шуд. Ман бисёр хиҷолат кашидам ва осемасар онро барқарор кардам. Пас аз лаҳзае дубора занг заданд. Ин дафъа сурудро то охир хонданд ва гуфтанд, ки ба дидорбинӣ меоянд. Ҳамин тавр, он кас бо чанде аз шогирдонашон меҳмони мо шуданд”. Меҳринисо мегӯяд, ки бар ивази сурудҳояш аз сарояндагон маблағ талаб намекунад. — “Ягон бор, ягон тин талаб накардаам, зеро бисёр вақт аз китобҳо мегиранд, бисёриҳо ҳатто напурсида, огоҳ накарда, оҳанг мебанданд. Баъзеҳо хоҳиш мекунанд, оҳанг мефиристанд ва баъди тайёр шудани шеър 50 сомонӣ дароз мекунанд, ки ман намегирам. Зулфиқори Азиз ҳамеша ба ман туҳфаҳои қимат меовард, Нигина Амонқулова, Сабоҳат Наҷмиддинова ва Фахриддини Малик низ, ба ҳар ҳол маро розӣ мекунанд, аммо ман худам маблағи муайян талаб намекунам. Ман барои мардум менависам, муҳим он аст, ки ба қалби мардум роҳ ёбад”. Вале Меҳринисо мегӯяд, ки гоҳо сарояндагон сурудҳояшро бо ғалат мехонанд, ки ин ӯро нороҳат мекунад. — “Вақте шеъри маро дуруст мехонанд, хурсанд мешавам, аммо вақте ғалат карда месароянд, ғамгин мегардам. Зулайхо ба наздикӣ яке аз сурудҳои “Модар”-ро аз эҷодиёти ман сароид. Хеле олӣ месарояд, аммо се банди шеър аз ман, ду банди дигар, ки саропо ғалат аст, моли ман нест. Овози фораматро, Чашми гунаҳраматро. Шодиву ҳам ғаматро, Ман ёд кардам, оча”.
Барои унвон шеър нагуфтаам…
Меҳринисо мегӯяд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ барои гирифтани унвон талош накардааст: — “Ман, барои унвон шеър нанавишаам. Ман, барои худ шеър менависам ва хушбахтам, ки ин шеърҳо мухотаб доранд. Мардум онҳоро мехонанд. Бо шеърҳоям қудрати дигаргун кардани дунёро надорам ва ба ин хотир, аз чопу нашри маҳсули эҷодам чизе интизор нестам. Фақат кӯшиш мекунам ба хонандагонам аз вожаҳои зебое чун ишқ, муҳаббат, ватан, модар, инсоният, одамгарӣ бигӯям. Вақте дар вохӯриҳо шеъри модар мехонам, нисфи толор мегиряд, зеро мардум модарашонро ҳамчун рамзи покӣ ва муҳаббату некӣ ба ёд меоранд. Ҳамеша, ҳаққу ҳамсоя, толибилмони мактаби назди хона, одамони тамоман бегона меоянд, ки шеърҳои ба модар бахшидаамро барояшон навишта диҳам. Дар бозору барзан занҳо маро дида, хурсанд мешаванд ва мегӯянд: “Фалон шеър аз шумо аст, биёед, ман шуморо бӯса кунам” ва маро ба оғӯш кашида, мебӯсанд. Ин барои ман хушбахтӣ ва беҳтарину болотарин унвон аст. Шеър чунин хусусият дорад, ки бухлу кинаро аз қалбҳо дур карда, меҳру муҳаббат ва рафоқатро ҷойгузини он мегардонад”.
Оилаи обод
Шоира Меҳринисо мегӯяд, ки барои ӯ оила ҳамеша дар ҷойи аввал будаааст. Шоира ҳамроҳи шавҳараш професор Шаҳбоз Кабиров 3 фарзанд доранд, ки ҳама соҳибмаълумотанд ва дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Духтари калонӣ — Парвина хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон асту омӯзгор мебошад. Фарзанди дуюм — Хуршед низ, касби падарро ихтиёр карда, баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳи илмро пеша намуд ва имрӯз, профессори ҳамин донишгоҳ аст. Фарзанди сеюмашон бошад, корманди яке аз ширкатҳост. — “Падару модар ба умед фарзанд калон мекунанд, ки боғи умед шавад. Фарзандро мисли шамъ болои дастони ларзон нигоҳ медоранд, то хомӯш нашавад. Бинобар ин, масъулияти фарзанд аз он иборат аст, ки орзую умеди падару модарро бароварда кунад. Шукр, ки фарзандони ман то имрӯз рӯйи сурхи мо ҳастанд, сарамонро хам накардаанд”,- мегӯяд шоир Меҳринисо.
Мавлуди Меҳринисо
19 январи шоира Меҳринисо 75 сола шуд. Мегӯяд, ки таҷлили мутантани зодрӯзро намеписандад ва дӯст медорад, ки дар ин рӯз бо шавҳару фарзандон ва набераҳояш бошад. Ӯ дар мавриди синну сол мегӯяд: — “Замони кӯдакӣ ҳатто 30-солаҳоро пир гумон мекардам, 50-у 60-солаҳо ба назарам тамоман фартут менамуданд. Гоҳо, андеша мекунам, ки шояд айни замон ман низ, барои набераҳоям бибии пир бошам… Бо вуҷуди ин, худамро калонсол ҳис намекунам. Муҳаббати мардум ба ман рӯҳияи ҷавонӣ мебахшад. Вақте кӯча мебароям, зани ношиносе омада, бо ҳаяҷон мегӯяд: — «Аз субҳ чашмам парид, ҳис кардам, ки одами наздикамро мебинам. Мана, шуморо дидам. Ман шуморо дӯст медорам”. Ин суханҳо ба ман неру мебахшанд. Ӯ, шояд шеърҳои маро нахонда, шояд хондаву нафаҳмида бошад, аммо меҳрубонӣ мекунад. Хушбахтона, мо чунин мардуми бетамаъ ва бетамаллуқ зиёд дорем”.
Одил Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ