Меҳнати иҷбории омӯзгоронро қонун манъ мекунад
Дар Ӯзбекистон тасмим доранд, ояндаи наздик ҷалби омӯзгоронро ба меҳнати иҷборӣ тавассути қабули қонун манъ кунанд.
Дар назар аст, ҳамчунин ситонидани маблағ аз маоши онҳо барои пардохтҳои гуногун, аз ҷумла обуна ба нашрияҳову маҷаллаҳо манъ шавад.
Ин талабҳо дар лоиҳаи қонун «Дар бораи мавқеи омӯзгор» ворид шудааст. Лоиҳаи қонунро вазорати маорифи халқӣ таҳия кардааст.
Дар лоиҳаи қонун, ки 11 январи соли ҷорӣ барои баҳсу баррасӣ дар интернет нашр шуд, мавқеи омӯзгор, усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ, инчунин низоми боло бурдани тахассуси донишҷӯён нишон дода шудааст. Ба илова, қонуни мазкур ҳимояи шаъну шарафи омӯзгоронро кафолат медиҳад.
Дар лоиҳаи мазкур омадааст, ки ҷалби омӯзгорон ба меҳнати иҷборӣ, аз ҷумла сабзакориву поксозии ҳудуди ноҳияҳову шаҳрҳо, ҷамъоварии оҳанпораву коғазпора, ба меҳнати мавсимӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ манъ мешавад.
Волидон дигар ҳақ нахоҳанд дошт, ки ба уҳдадориҳои касбии омӯзгорон дахолат кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ