«Бархӯрд»-и Фирдавс Ниёзов дар Фестивали байналмилалӣ соҳибҷоиза гашт

Рӯзҳои 11 – 13 январи соли 2019 дар шаҳри Вейфанги музофоти Шангдонги Чин Фестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳметражи Вейфанг баргузор гардид.

Тавре  аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин хабар доданд, коргардонҳои тоҷик ба фестивал се филм пешниҳод карданд. Бо назардошти ба қатори беҳтарин даҳгонаи филмҳои хориҷӣ шомил шудан, ҳайати ҳакамони фестивал филми «Бархӯрд»-и коргардони тоҷик Фирдавс Ниёзовро сазовори ҷоиза донист.

Ҳамчунин дар доираи фестивал ҳамоиши коргардонҳои филмҳои кӯтоҳметраж баргузор шуд, ки дар он атрофи масоили мубрами соҳа ва рушди ҳамкории минбаъда табодули назар сурат гирифт.

Шумораи умумии филмҳои кӯтоҳметражи ба фестивал пешниҳодшуда беш аз 2900 ададро ташкил дод, ки аз онҳо 100 филм маҳсули эҷодиёти коргардонҳои хориҷӣ мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *