Меҳрона ишқи маро кушт, аммо…
Салом кормандони ҳафтаномаи “Оила”. Аслан ин саҳифа барои хонумҳо пешбинӣ шудааст ва нома навиштани мард ба ин гӯша аз рӯйи одоб нест, вале ман маҷбур ҳастам, дарди диламро ба шумо ифшо намояд, то собиқ маҳбубаам хатои худро дарк карда, минбаъд бо дили мардон бозӣ накунад.
Вақти дар сафи артиш хизмат кардан бо амри тақдир бо Меҳрона ном духтари зебое шинос шуда, аз нигоҳи аввал волаю шайдояш гаштам. Хонандагони азиз шояд ҳайрон шаванд, ки чӣ хел мани аскарбача барои ишқу ошиқӣ вақт ва имкон меёфтам. Баъзан ба мо, аскарон имкон медоданд, ки соате чанд берун аз қисми ҳарбӣ аз ҳавои тоза нафас кашем. Дар яке аз чунин рӯзҳои озодӣ қисмат маро бо Меҳрона ошно карда, гирифтори ҳусни расо ва суханони ширинаш гардонд. Мани ошиқи зор тайёр будам барои ин зебосанам ҷонамро фидо созам. Ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки рӯзе маҳбубаи дилсангам маро ба дигарон иваз мекунад, вале…
Вақте бори аввал тасодуфан ёри бе аҳду паймонамро бо як ҷавон дар роҳ дидам, Меҳрона бо тамоми муқаддасоти олам қасам хурд, ки он бача писари холааш аст. Мани сода ба қавлу қасамҳояш бовар карда, аз пайи санҷиш нашудам, вале чанд рӯз пас ӯро боз дар боғ бо як ҷавони дигар дидам. Ин дафъа Меҳрона ҳамроҳашро ҳамчун писари аммааш ба ман муаррифӣ намуд. Ҷавонро нигоҳ дошта пурсидам, ки ин духтар ба ту кӣ мешавад. Гуфт, ки ману Меҳрона дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунем, азбаски вай ака надорад, ман ҳамчун бародар ӯро муҳофизат мекунам. Ба инаш ҳам бовар кардам, чунки Меҳронаро аз ҷонам бештар дӯст медоштам ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз ӯ ҷудо шудан намехостам. Дар дил орзую ҳавасҳои зиёде доштам. Мехостам баъди адои хизмат модарамро ба хонаи волидони Меҳрона хостгорӣ фиристам ва тӯйи осмонкаф ороста, дӯстдоштаамро ба хонаамон барам, аммо ин духтари беандеша ва бевафо орзуҳои маро барбод дод. Як саҳар ба пешвози командири қисми ҳарбӣ мерафтам, ки чашмам ба як манзараи нангин афтид. Арӯси орзуҳои ман бо як ҷавоне, ки ҳамроҳи ман хизмат мекард, машғули бӯсу канор буд ва ончунон ба ваҷд омада буд, ки омадани маро ҳатто пайхас накард. Тоқатам тоқ шуда Меҳронаро як шаппотӣ задам ва аз гиребони сарбоз гирифтам, ки ту бо арӯси ман чӣ кор мекунӣ. Моро бо як азоб аз ҳамдигар ҷудо карда, ҳардуямонро ҷазои сахт доданд. Баъдтар он сарбоз иқрор шуд, ки кайҳо боз бо Меҳрона муносибатҳои ошиқона дорад ва онҳо на як бору ду бор айшу ишрат кардаанд. Қарор додам, ки номи Меҳронаро аз китоби дилам хатм мезанам. Аз байн чанд рӯз гузашту рӯзи иди сарбозон-23-юми феврал фаро расид ва Меҳрона шарм надошта ба табрики ман омад. Ин дафъа ӯ танҳо набуд. Модарашро низ ҳамроҳи худ оварда буд, то ки ман ночор монда онҳоро қабул кунам. Дар назди модараш тамоми айбу гуноҳи Меҳронаро гуфтам ва таъкид кардам, ки агар духтар беақлию бевафоӣ намекард, ӯро ба занӣ мегирифтам, аммо баъди ин қадар гапу кор ман наметавонам бо ӯ издивоҷ намоям. Ҳамин тариқ хизматро ба итмом расонида ба хона баргаштам. Волидонам мехоҳанд маро хонадор намоянд, вале дилам аз ҷинси зан тамоман мондааст. Меҳрона дили маро аз зиндагӣ хунук карда бошад ҳам, барояш бахт мехоҳам. Кошкӣ Худованд ин духтари роҳгумзадаро ба роҳи рост ҳидоят намояд, то умре сарсону саргардон намонад!
М., хонандаи “Оила”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ