10 ҷудокор ба ЧҶ-2017 сафарбар гардиданд

10 ҷудокор ба ЧҶ-2017 сафарбар гардиданд

Тавре сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо  хабар дод, аз 18 то 22 октябри соли равон дар шаҳри Загреби Ҷумҳурии Хорватия Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон доир мегардад.

Дар чемпионат 634 варзишгар (369 мард, 265 бону) аз 87 давлати дунё сабти ном шудаанд. Шарафи варзишии Тоҷикистонро дар он 10 нафар — Суҳроб Боқиев (-60 кг), Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадраҳим Сарахонов (-66 кг), Хайёмиддин Ҷабборов, Эраҷ Абдуллоев (-73 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов, Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (-90 кг), Темур Раҳимов (-100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг)  ҳифз мекунанд.

Қайд кардан зарур аст, ки Раҳматуллобек Фарҳодов моҳи июли ҳамин сол дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон унвони чемпиони Осиёро ба даст оварда буд. Дар чемпионати Осиё Темур Раҳимов медали нуқра, Ҳоҷимашраб Раҳмонов, Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Эраҷ Абдуллоев сазовори медали биринҷӣ гардида буданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *