“МегаФон” ба сокинони Қурғонтеппа бехатарӣ дар роҳҳоро хотиррасон намуд
Санаи 24октябр ба чорроҳаҳои маркази вилоятӣ корманди ихтиёрӣ баромада ба сокинон ҳангоми гузариши онҳо аз роҳ кӯмак намуда, ба онҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро хотиррасон менамуданд. Иқдоми “Бехатарӣ аз ту оғоз меёбад – дар ранги сабз гузар” бо ташаббуси ширкати “МегаФон Тоҷикистон” гузаронида мешуд.
Иқдоми иҷтимоие, ки ба беҳтаркунии вазъият дар роҳҳо равонашудааст, аз ҷониби “МегаФон” аллакай солҳои зиёд гузаронида мешавад. Вале дар соли равон он на танҳо аз корҳои фаҳмондадиҳӣ бо роҳгузарон иборат аст. “Якҷоя бо шаҳрдории маҳаллӣ мо қарор кардем, ки доираи иқдомро васеъ карда, самаранокии онро зиёд намоем. Дар якчанд гузаргоҳҳои серҳаракати роҳгузарон, ки бештар аз теъдоди зиёди кӯдакону ҷавонон иҳота карда мешаванд, навиштаи огоҳкунандаи “Дар ранги сабз гузар!” гузошта шуд. Мо доимо дар фикри ҳифзи муштариёнамон ҳастем – масалан, бехатарии онҳоро ҳангоми истифодаи интернети мобилӣ таъмин менамоем. Чунин иқдомҳо, ба монанди “Дар ранги сабз гузар!” имкони хотиррасон кардани мавзӯи муҳимми бехатариро на танҳо тариқи “онлайн”, балки дар ҳаёти воқеӣ низ фароҳам меорад”, — изҳор дошт роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.
Иқдоми иҷтимоӣ бо иштироки кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ ҷараён дошт. Онҳо, бахусус, дар бораи чораҳое, ки баҳри камкунии миқдори қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳҳо, ҳамчунин садамаҳо дар роҳҳо пеш гирифта мешаванд, маълумотҳо расониданд.
“Мо хонандагонро алакай аз синфҳои ибтидоӣ ба амалиёти “Кӯдакон” ҷалб мекунем, то ки онҳо тамоми аҳамияти риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дарк карда тавонанд. Мақсад аз он санҷидан ва мустаҳкамкунии донишҳои вобаста ба ҚҲР, расонидани маълумотҳо оид ба аломатҳои роҳ, тарбияи эҳтироми онҳо нисбат ба қонун ва малакаҳои риояи қоидаҳои асосии рафтори хонандагон дар кӯча баҳри пешгирии травматизми садамавӣ ба шумор меравад”, — мегӯяд нозир оид ба ташвиқ ва тарғиби ШБДА ш.Қурғонтеппа, майори милитсия Сайдумар МИРАКОВ.
Ба ғайр аз ин, дар шаҳри Қурғотеппа ивази чароғакҳои куҳна, ки дар давраҳои Иттиҳоди Шӯравӣ гузошта шуда буданд, ба чароғакҳои нави рақамӣ ба нақша гирифта шудааст. Чунин чароғакҳо аллакай дар чорроҳаҳои назди бинои нозироти андоз, бозори “Ҳоҷӣ Шариф” ва дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Ваҳдат гузошта шуданд. Ва албатта иқдомҳое, ки ширкатҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъул мегузаронанд, аз аҳамият холӣ нестанд. Ҷаноби Мираков қайд намуданд, ки ин ташаббуси “МегаФон Тоҷикистон” ба шаҳр фоидаи калон оварда, ба кормандони БДА дар кам кардани миқдори садамаҳо бо иштироки роҳгузарон ҳатто дар сурати вусъати шиддатнокии ҳаракати автомобилӣ дар Қурғонтеппа мусоидат менамояд.
Барои маълумоти иловагӣ:
Фарҳод Аҳмадов
PR менеҷер. Раёсати минтақавӣ дар вилояти Хатлон.
(Департамент оид ба робита бо ҷомеа)
———————————————
ҶСП “ТТ мобайл”, Тоҷикистон
ш. Қурғонтеппа, к. Ҷ. Румӣ 12 а.
моб. (+992) 90 2000 990
E-mail: [email protected]
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ