Тоҷикистон: Манъи сигоркашӣ дар корхонаву муасисаҳо

Бар асоси қонуни нав, истеъмоли сигор дар дохили тамоми корхонаҳои давлативу хусусӣ, тарабхонаҳо, вокзалҳову фурудгоҳҳо комилан манъ мешавад. Фурӯши сигор ба афроди то синни 18 ва ҳамин тавр, дона-дона фурӯхтани сигорро низ манъ мекунанд.

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 25 октябр ба қонун дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли тамоку тағйироти наве ворид кард, ки барои мардуми сигорӣ маҳдудиятҳои ба маротиб шадидтаре ҷорӣ мекунад.

Мирзомуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар шарҳи тағйирот ба ҷонун гуфт, кашидани тамоку дар биноҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои кории чӣ идораҳои давлатӣ ва чӣ хусусӣ, дар лифту даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ, дар гузаргоҳҳои зеризаминӣ, фурудгоҳҳову вокзалҳо, осоишгоҳҳову хобгоҳҳо, қаҳвахонаву тарабхонаҳо ва дар нақлиёти ҷамъиятӣ комилан манъ карда мешавад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон пешниҳод кард, то дар қонун як нукта илова шавад, ки бар асоси он раҳбарони идораҳо, новобаста аз шакли моликияташон, бояд барои сигоркашӣ нуқтаҳои махсус бисозанд. Ин нуқтаҳо набояд дар дохили бино бошанд.

Бар асоси қонуне, ки соли 2010 қабул шуда буд, мардуми сигоркаш ҳақ доштанд дар дохили бинои корхонаҳо дар нуқтаҳои махсус сигор бикашанд. Чунин нуқтаҳои махсус дар бемористонҳо, фурудгоҳҳову вокзалҳо ва муассисаҳои дигар низ вуҷуд доштанд.

Бар асоси тағйироти воридшуда ба қонун дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли тамоку, фурӯши тамоку дар масофаи 100 метр аз бинои муассисаҳои тандурустӣ, мактабҳо ва варзишгоҳҳову муассисаҳои динӣ манъ мешавад.

Фурӯши сигор ба афроди то синни 18 низ манъ мешавад. Агар фурӯшанда ба синни харидор шубҳа кунад, бояд аз ӯ ягон санади ташхиси шахсият талаб намояд.

Ҳамин тавр, акнун дар Тоҷикистон фурӯши дона-донаи сигор ва дар чорчӯби маъракаҳои таблиғотӣ ба мардум бепул тақсим кардани маҳсулоти тамоку манъ мегардад.

Дар зиндонҳо, бемористонҳои рӯҳӣ ва хонаҳои пиронсолону маъюбон метавонанд ба кашидани сигор иҷозат бидиҳанд, вале дар нуқтаҳои махсус.

Қаблан эълон шуда буд, ки ҳукумати Тоҷиистон қасд дорад батадриҷ андози аксиз барои фурӯши тамокуро 7 маротиба боло барад. Дар ҳоли ҳозир, аксизи 1000 дона сигор ҳудуди 50 евроро ташкил медиҳад, ки яке аз арзонтаринҳо дар Осиёи Марказист.

Бино ба омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар Тоҷикистон 17 фоизи мардон ва танҳо 0,3 дарсади занон сигор мекашанд.

Дар Тоҷикистон дар баробари сигор шумори бузурге аз мардону занон нос, як навъи дигари тамокуро истеъмол мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *