Mercer Мюнхенро шаҳри беҳтарин ва пойтахти Тоҷикистонро бадтарин гуфт

Ширкати машваратии “Mercer” сатҳи зиндагӣ дар 450 шаҳри ҷаҳонро гурӯҳбандӣ кардааст. Душанбе- пойтахти Тоҷикистон дар қатори шаҳрҳои дорои  сатҳи зиндагии пастарин қарор дорад.
Аз 450 шаҳр, ки ширкат тартиб додааст, 27-тои онҳоро дар миёни бадтаринҳо қарор доранд, ки Душанбе дар мақоми 19-ум омадааст.

Дар мавриди пойтахти Тоҷикистон гуфта шудааст: “Фақр ва камбуди барқ аз мушкилоти умдаи ин шаҳр ва тамоми кишвар мебошанд. Бонки ҷаҳонӣ низ аз мушкилоти роҳандозии тиҷорат бо таваҷҷуҳ ба зерсохторҳои номусоид ҳушдор медиҳад”.

Ширкати “Mercer” аз рӯи 10 нишондиҳанда, ба монанди муҳити сиёсӣ ва иҷтимоӣ, муҳити иқтисодӣ, муҳити иҷтимоӣ-фарҳангӣ, расидагӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, макотиб ва маориф, хизматрасониҳои умумӣ ва ҳамлу нақл, тафреҳ, колоҳои мавриди истифода, маскан ва муҳити зист сифати зиндагӣ дар шаҳрҳоро муайян кардааст.
Аз миёни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ Тошканд, дар миёни 27 шаҳри бадтарин ҷойи 26, Ишқобод 23 ва Бишкек дар мақоми 21-уми ин раддабандӣ омадааст. Шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ дар мақоми 1-ум қарор гирифта, бадтарин шаҳр барои зиндагӣ дониста шудааст.

Шаҳрҳои Вена, пойтахти Утриш, Сиюрих, шаҳр дар Суис , (Шветсария), Окленд, шаҳр дар Зеландияи Нав, Мюнхени Олмон ва Ванкувери Канада аз панҷгонаи шаҳрҳои писандида маҳсуб шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *