“Мерве” ба коми оташ рафт
Дар ошхонаи «Мерве» дар маркази Душанбе таркиш рух дод.
Баъди зуҳри имрӯз, 30-юми октябри соли 2023 дар қаҳвахонаи «Мерве» , ки воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ аст гази моеъ таркид, ки дар натиҷа ду нафар маҷруҳ шудаанд. Инчунин як адад воситаи нақлиёти тамғаи «Лексус», ки дар наздикии ошхона қарор дошт, зарари техникӣ дидааст.
Дар ин бора милитсияи Душанбе хабар додааст.
Манбаъ менависад, ки ҳодиса соати 13:40 аз ҳисоби гази моеъ таркиш ба амал омад.
Мақомот ҳодисаи нохушро таҳқиқ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ