Лео Месси

Месси чӣ қадар фоида ба дастааш овард?

Расонаи prosports.kz дар як матлаб аз чӣ қадар фоида овардани Месси ба дастаи наваш “Интер Майами” гуфт.

Лео Месси то ин замон дар ҳайати бошгоҳи “Интер Майами” ду бор ба майдон баромад ва дар бозии аввал як голу дар бозии дуюм ду гол зад. Дар ин муддат ӯ тавонистааст ба дастааш 75 миллион доллар фоида орад.

Албатта, ӯ бо маъруфияти худ ширкатҳои бузургро водор кардааст, ки бошгоҳро сарпарастӣ кунанд, вале чунин корҳо дар варзиш бисёр кам рух медиҳанд. Гуфта мешавад, ки фоидаи ба даст омада барои пешравии даста ва сохтмони майдон сарф карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *