Мактаби нахустини омӯзгорӣ дар Хатлон

Якуми сентябри соли 1931 нахустин мактаби дусолаи муаллиматайёркунӣ на танҳо дар минтақаи Кӯлоб, балки дар кулли вилояти Хатлон дар шаҳри бостонии Кӯлоб ба фаъолият оғоз кард. Маҳз дар базаи онҳо дертар донишкадаю коллеҷи омӯзгорӣ таъсис ёфтанд.

Дар давоми 94 соли мавҷудияташ коллеҷи омӯзгориро беш аз 25 ҳазор нафар хатм намуданд. Танҳо имсол 2 факултетро 542 нафар шогирдон хатм карданд.

Латофат Одиназода, директори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ зимни нишаст гуфт:

“Боиси қаноатмандист, ки 2 нафар имсол рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя карда, ҳоло боз 2 нафари дигар дар арафаи ҳимоя қарор доранд”.

Нақшаю ниятҳо хеле хушбинкунандаанд. Толору майдончаҳои варзишӣ, лабораторияи биологӣ, рӯи кор омадани нашрияи  «Маърифат», қабули хатмкунандагони синфи 9 аз навгониҳои неки коллеҷанд.

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *