Мева зиёд, аммо нархи он боло!

Атбои хориҷӣ, бахусус сайёҳон, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари биҳиштосою саршор аз чашмаҳои мусаффою обҳои ширин ва меваҳои шаҳдбор шинохтаанд.  Аммо дар назару афкори теъдоди баъзе аз мо соҳибони ин макони биҳиштосою дорои меваҳои шаҳдбор, ин ҳама неъматҳои Худодод ҳеҷанд. Бо як сухан, оби дари хона қадр надорад. Майл ба маҳсулоти хориҷӣ дорем, меваҳои ситрусиву себҳои чиноии қолабии гароннархро беҳтар аз меваҳои шаҳдбори ватанӣ медонем.

Воқеан ҳам, меваҳои ватанӣ дар муқобили банану ананасу кивию афлесуну мандарини бемориовару холӣ аз витамин, даҳҳо карат шаҳдбору лазиз ва саршор аз витаминанд, ки бар тану ҷон рӯҳи тозаву неруи тавоно мебахшанд.

Як чизро набояд фаромӯш кард, ки овони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, маҳз себу хушкмеваҳои захиракардаи кӯҳистониён буд, ки онҳоро аз гуруснагӣ наҷот дод. Маҳз ҳамин омил –  бунёди боғу роғ ҷиҳати таъмини зиндагӣ таваҷҷуҳи мардумро бештар ба худ ҷалб намуд, ки қариб имрӯз ҳама ба ин соҳаи манфиатовар рӯ овардаанд . Бале, боғу роғ зиёд ва ҳосил низ табъи дил гаштааст, аммо дар баробари ин ҳама фаровониҳо ба ҷойи арзон шудан, баръакс,  нархи меваи ватанӣ дар бозорҳо болост.

Қаблан чунин тасаввур дар зеҳни мардум буд, ки гӯё танҳо дар кӯҳистон  метавон меваи лазизу шаҳдбор парвариш кард. Аммо бо гузашти вақт олимону коршиносону деҳқонон исбот карданд, ки метавон дар дилхоҳ гӯшаи хоки зархези Ватан боғ бунёд карду ҳосили табъи дил ба даст овард. Имрӯз аксари хоҷагиҳо бунёд ва мавриди истифода қарор додани боғҳои интенсивиро роҳандозӣ кардаанд, ки натиҷаи он ҳосили хуб ба даст овардан аст.

Вазорати кишоварзӣ  ҳосили аз боғҳои интенсивӣ бадастомадаро хуб арзёбӣ мекунад, аммо мардум аз нархи он дар бозорҳо нигаронанд. Худ қазоват кунед, нархи як кило себи хуби ватанӣ дар бозорҳо, аз 15 то 20 сомонӣ қимат дорад. Бо фарорасии ҷашну идҳои миллӣ, ки чунин анъана моро дар рагу хун аст ва одат гашта, нархи себ ва дигар намуди меваҷот то ба 30 сомонӣ дакка мехӯрад. Дар фасли зимистон чун талаботи аҳолӣ ба себ ва дигар навъи меваҷот бештар мегардад, аз ин рӯ, нархи онро фурӯшандаҳо  боз болотар мебаранд. Дигар омили боло рафтани нархи меваҷот дар бозорҳои пойтахт он аст, ки меваҷотро на худи истеҳсолкунанда – деҳқон, балки ҳаннотон  дасти ба даст вориди бозор мекунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 123 ҳазору 515 тонна мева истеҳсол шудааст, ки мутахассисон чунин ҳосилотро ками андар кам маънидод мекунанд. Намедонам мутахассисони соҳаи кишоварзӣ такя бар чӣ доранд, ки хулоса мекунанд, ин нишондиҳанда то охири сол тамоюли болоравӣ ба худ касб карда, дар маҷмӯъ мебояд беш аз  200 ҳазор тонна мева истеҳсол гардад. Шояд чунин хулосаронӣ ба хотири аз суолу посухи рӯзноманигорон аснои нишасти матбуотӣ ба осонӣ халос шудан бошад? Зеро аксар аз масъулини кумитаву вазоратхонаҳо бо як мисоли умумии ба қавли мардум “Ҳама гулай” нишастро ҳусни анҷом мебахшанду худро ором месозанд, ки “Шукр, аз як бало халос шудам…”

Баргардем сари боғоту ҳосилоти онҳо. Ҳарчанд мутахассисони соҳаи кишоварзӣ айби ҳосили дилхоҳи меваҷот ба даст наоварданро дар боришоти барфу номуътадилии ҳавои баҳорӣ маънидод мекунанд, аммо чунин омил баҳона шуда наметавонад. Зеро аз нишондоди оморӣ бармеояд, ки ҳосил аз пештара дида бештару беҳтар ҷамъоварӣ шудааст. Коронавирус низ баҳона шуда наметавонад, зеро воридоти мева, бахусус себу ноки чиноӣ дар ин мавсим вориди бозорҳо нашудааст, дар дохили кишвар низ дар ин самт маҳдудияту карантин ҷорӣ нест. Пас омил чист? НАФС! Бале, мутаассифона, имрӯз нафс аз болои ақлу шуур ғолиб аст. Ва ин ҳама нобасомониҳо маҳз дар пайи ана ҳамин омил моро дучори мушкилот гардонидааст.

Қаблан буҳрони истеҳсоли картошка аҳолиро доман зада буд, ки нархи 1 килои он дар бозорҳо аз 7 то ба 10 сомонӣ дакка хӯрда буд. Дар он шабу рӯзҳои буҳронӣ, масъулини соҳаи кишоварзӣ мардумро гӯл заданд, ки  захираи зиёди картошка то даҳсолаҳо метавонад аҳолиро таъмин созад.   Аммо зимистони гузашта исбот кард, ки ин ҳама сару садобаландкуниҳо ҳубобчаҳои рӯи об будаанду халос. Шукр, ки дар он лаҳзаҳои мушкилзо Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавонист аҳолиро аз гуруснагиву буҳрон наҷот бахшад: ташкилу бароҳмонии ярмаркаҳои фурӯши сабзавот, бахусус картошка, бо нархи дастрас то ҷое мушкили мардумро осон кард.

Имрӯз бештар сухан атрофи захираи дусолаи маҳсулоти озуқа меравад, ки фикр мекунам захиранамоии хушкмеваю омоданамоии шарбату мураббо аз навъҳои гуногуни меваҷот, метавонад роҳи ҳалли баромад аз  бунбаст гардад. Аммо  бо ин нархи қимати меваҷот магар метавон барои зимистон захира кард? Ба қавле, мусиқаро оне фармоиш медиҳад, ки дар ихтиёр маблағ дорад. Ё не?

Як чизи дигар: Соле қабл сафари кӯҳистон доштам ва бо чашми сар дидам, ки боғоти мардум саршор аз себу ноки хуштамъу лазизанд. Дар баробари ҳамин миқдор мевае, ки мардум истеҳсолу захира мекунанд, ҳамин миқдори дигар рӯи заминҳо хоб асту туъмаи молу говҳост. Чунин аҳвол дар тамоми манотиқи кӯҳӣ ба чашм мерасад, аммо касеро парвое нест. Ҳосили хуби мева талаф меёбад, мепӯсад, хӯроки чорво мешавад, дар ҳоле ки метавон аз он хушкмева ва ё шарбат омода кард. Магар ин ҷо ҳам набудани маблағ баҳона аст? НЕ! Камтарак фориғболему танбалу ноуҳдабаро!

Агар дар навоҳии кӯҳистон тоҷиреву соҳибкоре дастгоҳи истеҳсоли шарбати ватанӣ насб мекард, имрӯз ба ҷои ҳар гуна нӯшобаҳои “добрии недобрий” аз шарбату мураббои асили ватанӣ истеъмол мекардем, ки ҳам аз сифати хуб бархӯрдор ва ҳам нархи дастрасро соҳиб буд. Аммо моро одатест, ки қуттии рангубордодаву дохилаш шарбати аз хокаҳо истеҳсолшудаи хориҷиро болотару волотар аз маҳсулоти худӣ медонем. Худкушу бегонапарварем, агар не, пас чаро даҳҳо тоҷирони кӯҳистонӣ дар Россия мақому манзалати хосса доранду аммо намехоҳанд ё наметавонанд дастгоҳҳои хурди шарбатбарориро дар шаҳру навоҳиву деҳоти кишвар роҳандозӣ кунанд?! Фикр мекунам нозирони андоз дар дили онҳо тарс эҷод кардаанд. Ё омили дигаре ҳаст?  

Солҳои побарҷойии шӯравӣ мардуми кӯҳистон меваҳои тару тозаро дар сардхонаҳои махсус сохташудаашон нигаҳ медоштанд ва ҳосил асло талаф намеёфт. Имрӯз мутахассисон баҳона пеш меоранд, ки бинобар набудани таҷҳизоти муосири технологӣ барои сардхонаҳо, ҳосил талаф меёбад. Хеле хулосаву баҳонаориҳои хандаовар.

Пас, чӣ бояд кард муҳтарам масъулини соҳаи кишоварзӣ, то аҳолӣ тавонад меваҷоти ватаниро бо нархи дастрас аз бозорҳо харидорӣ карда, эҳтиёҷоти худ бароварда созад? Шумо, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм нагузоред, пас кӣ ин корро мекунад? Боғдорон? Тоҷирон? Фурӯшандаҳои бозор? Не, барои ин теъдод муҳимтар аз ҳама фоида ба даст овардан аст, ФОИДА!!!

Муҳиддин ИДИЗОДА,

махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *