МГУ дар Тоҷикистон ба 93 нафар диплом дод
Дар Душанбе ба хатмкунандагони филиали Донишгоҳи давлатии Маскав, маъруф ба МГУ диплом супурда шуд.
Ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар ин маросим 93 нафар донишҷӯёне, ки таҳсили худро дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, идоракунии давлатӣ, забоншиносӣ, информатика, геология, кимиё ва физика ва ғайра хатм кардаанд, ширкат варзиданд.
Мушовири сафири Русия Вера Хуторская хатмкунандагонро табрик гуфта, аҳамияти таҳсилоти олиро қайд кард.
— Аксари хатмкунандагон аз рӯи ихтисосҳои худ, аз ҷумла чаҳор нафар дар намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон кор мекунанд,- афзуд манбаъ.
Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе мутахассисони бахши муносибатҳои байналмилалӣ, идораи давлатӣ, забоншиносӣ, информатика, геология ва кимиёро омода кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ