СММ: Шумораи гурезаҳо аз Украина як миллион нафарро ташкил медиҳад
Созмони Милалаи Муттаҳид мегӯяд, ки шумораи гурезагон аз Украина ба як миллион нафар расидааст.
Комиссари олии СММ Филиппо Гранди дар умури паноҳандагон дар саҳифаи Twitter-и худ навиштааст, ки шумораи онҳо аз Украина дар як ҳафта ба як миллион нафар расид.
Гранди менависад, ки «ҳамагӣ дар ҳафт рӯз мо шоҳиди он шудем, ки як миллион паноҳанда аз Украина ба кишварҳои ҳамсоя гузаштанд».
Чанде пеш Дабири кулли СММ дар бораи вазъи мушкили гуманитарӣ дар марзҳои Украина изҳори назар карда буд. Антонио Гуттериш аз Русия хоҳиш кард, ки ҳарчи зудтар амалиёти низомии худро анҷом диҳад.
Амалиёти вижаи Русия дар Украина
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24-уми феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд” унвон намуд.
Тибқи баёнияи Вазорати дифои Русия, неруҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти неруҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гуруҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад.- Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест,- гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи 28-уми феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Белорус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Белорусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ