Михаил Саакашвилиро аз Украина ихроҷ карданд
Михаил Саакашвилӣ — раҳбари «Ҷунбиши нерӯҳои нав»-и Украина рӯзи 12-уми феврал дар Киев боздошт ва ба Лаҳистон ихроҷ шуд. Дар ин бора «Интерфакс-Украина» бо такя ба манбаъҳои худ хабар дод.
Ба навиштаи хабаргузорӣ, ӯро на депортатсия, балки ҳамчун шахси ғайриқонунӣ ба кишваре ихроҷ карданд, ки аз онҷо ба Украина ворид шуда буд.
Тавре «Украинская правда» гузориш дод, сиёсатмадорро афроде, ки дар чеҳраҳояшон ниқоб доштанд, дар тарабхона боздошт карданд. Ин нафарон Саакашвилиро ба микроавтобус бор карда, ба самти номаълум бурданд.Хадамоти амнияти Украина гуфт, онҳо дар ин амал даст надоранд.
Дар бораи боздошти Михаил Саакашвилӣ яке аз раҳбарони «Ҷунбиши нерӯҳои нав» Юрий Деревянко ба «Украинская правда» хабар дод. Ба навиштаи нашрия, онҳое, ки Саакашвилиро боздошт карданд, дар тан болопӯшҳои «Хадамоти давлатии марзбонӣ»-ро доштанд.
Соли гузашта раиси ҷумҳури Украина Петро Порошенко Саакашвилиро барои гӯё хабар надодан аз мавҷудияти парвандаи ҷиноияш дар Гурҷистон, аз ҳаққи шаҳрвандии Украина маҳрум кард ва идораҳои ин кишвар дархости ӯро дар бораи паноҳандагӣ рад намуданд.
Моҳи январи соли 2018 додгоҳи Тифлис Михаил Саакашвилиро бо иттиҳоми суистифода аз қудрат дар ғайбаш се сол аз озодӣ маҳрум кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ