Милисаҳо ба маъюбони Хоруғ орду биринҷ доданд

Аз ҷониби Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят ба ташкилоти ҷамъиятии «Маркази нур», воқеъ дар шаҳри Хоруғ, ки дар он ҷо кӯдакони имконияташон маҳдуд ва маъюб нигоҳубин ва тарбия карда мешаванд, кумак расонида шуд.

Кумак дар шакли пешниҳоди орд, биринҷ, гӯшт, равған, шакар, тухм, картошка, пиёз, карам ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ дар арафаи Соли нав расонида шуд.Ҳамчунин барои кӯдакони ин марказ лавозимоти хониш ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд.Корманди  Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Далер Чоршанбиев гуфтааст, ки «дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, маъюбону бепарасторон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади дар амал тадбиқ намудани ин амали хайру савоб дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба хонаи маъюбон ва бепарасторон кумакҳои моддӣ расонида мешаванд».Мавриди зикр аст, ки ташкилоти ҷамъиятии «Маркази нур» айни замон 60 нафар кӯдакони имконияташон маҳдудро ба тарбия ва нигоҳубин фаро гирифтааст. Роҳбарият ва мураббиёни ташкилоти ҷамъиятии мазкур аз чунин иқдоми Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят хушнуд гардида, миннатдории хешро изҳор доштанд.Илова бар ин аз ҷониби ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард»-и вилоят низ баҳри болида гардонидани хотири кӯдакони имконияташон маҳдуд барномаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла рақсу сурудхонӣ доир гардид. Кӯдакон аз чунин ташаббус ва барномаи фарҳангӣ шод гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *