“Сюрприз” Сурайё Қосимоваро гирёнд

-Апаи Сурайё, имсол барои Шабнам, Фарзона ва барои худи Шумо чӣ гуна сол буд?

Бисёр соли хуш буд, чунки ғаму андуҳ хонадони моро тарк намуда, ба ҷойи он шодиву нишот омад. Фарзонаҷон дар Филармония консерти алоҳида дод, Шабнамҷон ба Аврупову Амрико сафарҳои ҳунарӣ дошт. Консерти Шабнам дар Берлин олиҷаноб гузашт.

Чаро Шабнам дар базмҳои солинавӣ иштирок намекунад?

-Шабнамҷон ба лоиҳаи СММ оида ба бемории сил ҷалб шудааст ва дар давлатҳои хориҷӣ консертҳои хайриявӣ медиҳад. Аз ҳамин сабаб, дар чорабиниҳои идона иштирок карда натавонист.

-Духтари Шабнам-Шарифамоҳ дар Амрико таҳсил мекунад? Набераи дӯстдоштаатонро ёд кардагистед?
-Оҳ напурсед! Шарифамоҳро чунон ёд карда будам, ҳатто садояшро тариқи телефон ё интернет шунида мегиристам. Духтаракам маро он, гиря накунед, ман хубам, вале ҳеҷ ба дуриаш одат карда наметавонистам. Дирӯз дар хона нишаста будем, ки садои тақ-тақи дар баромад. Духтарҳо ба ман “сюрприз” карданӣ шуда, бо ҳам маслиҳат карда будаанд, ягонтоашон аз ҷояшон наҷунбиданд, маҷбур шудам, ки худам хезам. Шарифамоҳро дар пушти дар дида, чунон ба ҳаяҷон омадам, ки ногуфтанӣ. Духтаракамро ба оғӯш кашида, як соат аз шодии дидор гиря кардам.

Ба мухлисонатон чӣ таманно доред?
-Ба кулли мардуми тоҷик хонаи обод, сарбаландӣ ва рӯзгори тинҷу осударо орзумандам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *