Милисаҳои Душанбе БОМЖ-ҳоро саробонӣ карданд
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки мақомоти пойтахт 5 шаҳрванди бе ҷои истиқомат (БОМЖ)-ро аз ташхиси тиббии ройгон гузаронда, дар корхонаҳои пойтахт, аз ҷумла дар КММ «Пойтахт”, қаҳвахонаи «Сим-Сим” се муассисаи истифодабарии манзил (ЖЭК) бо ҷои хобу ҷои кори доимӣ таъмин кардаанд.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 20 феврал дар сомонаи расмиаш — http://dushanbepolice.tj/tj/ — гузориш дод, ки кормандони милиса пойтахт дар ҳафтаи гузашта дар ҳудуди ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури пойтахт 5 нафар шаҳрвандони бе ҷои истиқоматӣ ё ба истилоҳи маъруф, БОМЖ-ро муайян кардааст.
Ин 5 нафарро таври ройгон аз ташхиси тиббӣ гузаронда, сипас ҳамаи онҳоро бо ҷои хобу ҷои кори доимӣ таъмин кардаанд. Маркази матбуоти раёсати дохилаи Душанбе дар ин бора менависад: «Баъди гузаронидани ташхисҳои тиббӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар натиҷа 5 нафар шаҳрвандони бе ҷои муайяни истиқоматӣ:
- Нуриддинов Александр Муҳиддинович соли таваллудаш 1975 дар КММ «Парвоз”,
- Павлов Виталий Андрейевич соли таваллудаш 1986 дар Муассисаи истифодабарии манзилии №13 ноҳияи Сино,
- Файзуллоев Фатҳуддин Иззатуллоевич соли таваллудаш 1989 дар Муассисаи истифодабарии манзилии №2-и ноҳияи Шоҳмансур,
- Бекшниёв Андрей Владимирович соли таваллудаш 1971 дар Муассисаи истифодабарии манзилии №2-и ноҳияи Шоҳмансур ва
- Юсуфшоев Васфишо Рахматшоевич соли таваллудаш 1976 дар Қаҳвахонаи Сим-Сим бо ҷои хоб ва кори доимӣ таъмин карда шуданд.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ