Президент Ҷаннатуллоро аз Ҳиндустон овард

Ҷаннатулло Хӯҷазода, як ҷавони мариз аз дараи Ромит, ки баъди ҷарроҳии сутунмуҳрааш дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон бе пули бозгашт монда буд, рӯзи 20 феврал бо кумаки Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба Ватан баргардад.

Ҷаннатулло, ки ягона саробона 7 узви хонаводаашон буд, ҳангоми ҳезумҷамъкунӣ зери дарахт монд ва сутунмуҳрааш шикаст.

Наврӯз Хайрулбашар, як ҷавони фаъоли тоҷик, ки чанд ҳафта боз дар шабакаи Фейсбук барои кумак ба табобати Ҷаннатулло Хӯҷазода маъракаи хайрияеро пеш мебурд, рӯзи 20 феврал хабар дод, ки Ҷаннатулло имрӯз тавонист аз Деҳлӣ ба Душанбе баргардад. Наврӯз Хайрулбашар гуфт, ки бозгашти ин ҷавони тоҷик бо кумаки президент Эмомалӣ Раҳмон муяссар шудааст: «Пешвои миллат шахсан ба масъалаи Ҷаннатулло расидагӣ кард ва ӯ бо ҳавопаймои «Тоҷик Эйр” рӯзи 20 феврал ба Душанбе омад.”

Наврӯз Хайрулбашар дар саҳифааш дар Фейсбук ба дигар афроди саҳим дар ин кори хайр низ изҳори ташаккур кардааст:

Хуҷазода Ҷаннатуллои Бег, имрӯз бо дастгири ва кӯмаки Пешвои Миллат вориди Ватан шуд.

Ширкати давлати тоҷик эйр хатсайри Деҳли Душанбе соати 17:00 ба душанбе фурӯд омад.
Чанд рӯз пеш модари Ҷаннатулло аз пешвои миллат кӯмак хоста буд.
Сипос Ба Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Сипос ба Раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ!
Сипос ба раиси ҷамоати деҳоти Ромит Мирзоева Хурсандмоҳ!
Сипос ба Манучеҳр Шамсуллозод!
Сипос ба ширкати давлати Тоҷик Эйр!
Сипос ба ҳамватанони азиз, ки кӯмак ва дуои хайре намуданд!
Сипос аз консул ва сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ҳиндустон!
Сипос аз азизоне, ки номҳоятонро нашр накардам!
Худованд ҳамаи Шуморо сиҳат саломат нигоҳ дорад!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *