Сарояндаҳои ӯзбек дигар либоси урён намепӯшанд

Муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт” дастурамалеро нашр кардааст, ки бар асоси он, ба овозхонҳои ӯзбек дар видеклипҳояшон намоиш додани бадани урён, зару зевар ва тату (холкӯбӣ), пӯшидани либоси нимурён, истифодаи ноҷоизи рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла тасвири президент ва дар умум рафтори мухолиф ба анъанаҳои миллӣ комилан манъ карда мешавад.

Дар дастурамале, ки дар як ҷаласаи муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт” бар асоси хулосаи як комиссияи махсус қабул карда шудааст, қоидаҳои рафтори ҳунармандон ҳангоми сабти видеоклип низ байн карда шудааст.

Дар банди чорум ин дастурамал, ки «Ҳаракатҳои ноҷоиз” ном дорад, рӯйхати ҳаракатҳое, ки истифодаашон дар клипҳои овозхонони ӯзбек манъ мешавад оварда шудааст:

«Клип набояд ҳаракатҳои ғайриқобилиқабули зидди маданияти умумиинсонӣ ва миллӣ дошта бошад. Аз ҷумла:

Тарғиби маводи мухаддир ва машруботи спиртӣ,

Тасвирҳое, ки амалҳои террористӣ ва даҳшатоварро тарғиб мекунанд,

Унсурҳое, ки ба нифоқи динӣ ва байни миллатҳо меоранд,

Истифодаи ноҷоизи рамзҳои давлатӣ (герб, байрақ, Президент),

Рекламаи ошкору пинҳони маҳсулоти ширкатҳо,

Иҷрои тарона дар хонаҳои хосе, ки хилофи одоми ӯзбекона бошад,

Пӯшидани либосҳои нимаурён,

Истифодаи оҳангу тасвирҳое, ки ҳирси шаҳвонӣ ва беҳаёиро тарғиб мекунанд,

Намоиш додани тату (холкӯбӣ) ва дигар «нақш”-ҳо дар бадани овозхон,

Ба хонандагони мард пӯшидани либоси занона, намоиши дандонҳо ва дигар ҳолатҳои номуносиб,

Намоиши ҳар гуна зару зевар, мошинҳои қиматбаҳову қасрҳои бҳукӯҳе, ки ба матну мазмуни тарона ягон алоқа надоранд,

Намоиши беэҳтиромӣ ба мероси миллӣ, аз ҷумла нисбат ба қадамҷоҳои муқаддас ва ёдгориҳои табаррук,

Ҳаракатҳои худсарона ва мухолиф ба урфу одати ӯзбекона.

Бо қарори «Ӯзбекконсерт”, акнун овозхонҳо танҳо баъди гирифтани иҷозати расмии Шӯрои бадеӣ метавонанд видеклипҳои худро нашр кунанд. Одилҷон Абдуқаҳҳоров, роҳбари «Ӯзбекконсерт” моҳи январ гуфта буд, ки видеклипҳо фақат баъди иҷозат додани Шӯрои бадеӣ дар телевизионҳо ва дар Интернет нашр хоҳанд шуд. Абдуқаҳҳоров гуфт, «Ӯзбекконсерт” алакай ба далели мухолифаташон ба урфу одатҳои мардуми ӯзбек нашри 12 видеоклипро манъ кардааст. Ӯ гуфт, тамошобин аз тамошои ин клипҳо ба ҷуз аз шарм ҳеҷ эҳсоси дигаре намегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *