Милисаҳои тоҷик дигар соҳиби ду шаҳрвандӣ буда наметавонанд

Аз ин ба баъд маъмурони милиса дар Тоҷикистон ҳаққи доштани шаҳрвандии кишвари дигарро надоранд ва дар сурати ифшо шудан, ин кормандон билофосила аз кор барканор мешаванд.
Дар иҷлосияи рӯзи 7-уми июни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба қонун «Дар бораи милиса» тағйирот ворид гардид, ки тибқи он, фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ, ашхоси бидуни шаҳрвандӣ ва душаҳрвандӣ дар ниҳодҳои умури дохилаи кишвар, мамнӯъ шуд.

Ин тарҳро дар порлумон Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон, муаррифӣ кард.

Аз ин қабл, дар моҳи декабри соли 2014 дар Тоҷикистон санаде тасвиб шуд, ки бар асоси он шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бо ду шаҳрвандӣ, ҳаққи фаъолият дар вазорати умури хориҷаро надоранд. Дар моҳи ноябри соли 2016 чунин мамнӯъият дар нисбати кормандони ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон, ҷорӣ гардид.

Тибқи бархе аз иттилоъ, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки давоми 20 соли охир шаҳрвандии Русияро дарёфт карданд, аз 300 то 500 ҳазор нафар унвон мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *