Ҳамлаҳо ба ба порлумони Эрон ва мақбараи Хумайнӣ

Афроди номаълум ба порлумони Эрон ва мақбараи оятуллоҳ Хумайнӣ дар Теҳрон ҳамла карданд. Дар бораи шумораи қурбониёни ҳодиса ахбори тазодомез нашр мешавад.
Хабаргузориҳои Эрон мегӯянд, ҳарду ҳамла “тақрибан ҳамзамон”, дар соати 10:30 ба вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳамлаварон, ки теъдоди онҳо гоҳе 3 гоҳе 4 нафар шумурда мешавад, муҳофизони порлумонро тирборон кардаанд. Дар мақбараи Хумайнӣ яке аз ҳамлаварон пас аз тирандозӣ худро таркондааст. Дар натиҷа чандин нафар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории ILNA мегӯяд, ду нафар аз ҳамлаварони мақбара боздошт шудаанд. Ба гуфтаи шабакаи IRIB, дар ин ҳамла чаҳор тан, аз ҷумла як зан ширкат доштаанд ва боздошт шудаанд.

Вакили порлумони Эрон Илёс Ҳазратӣ гуфтааст, се нафар вориди бинои маҷлис шуданд, ки ду автомати Калашников ва туфангча доштанд. Ба огаҳии хабаргузории FARC нерӯҳои амниятии Эрон бинои порлумонро ба муҳосира гирифтаанд ва эҳтимол меравад, яке аз ҳамлаварон бо худ маводи тарканда дорад.

Муҳофизати ҳамаи биноҳои маъмурии Эрон бар души Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ вогузор шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *