Милитсияи Душанбе. Коҳиши ҷинояткорӣ, таъмини субот, дастовардҳо дар рақам
«Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тоҷикон бояд симои хоси худро пайдо кунад. Он ба маркази муттаҳидсозандаи неруҳои ақлонию зеҳнии кишвар, маркази таҷассуми фарҳангу таърих, анъанот, одобу аҳлоқ ва дигар муқаддасоти миллӣ табдил дода шавад».
Эмомалӣ РАҲМОН
Шаҳри орзуҳо
Шаҳри Душанбе зери роҳбарии шаҳриёри ҷавону кордон Рустами Эмомалӣ тӯли чанд соли охир дар самти созандагиву пешрафт роҳи садсолаеро тай намуд. Бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноативу истеҳсолӣ, маҷмааҳои фарҳангиву маишӣ, қасру толорҳои бошукуҳ, мактабу донишгоҳҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ, майдончаҳои варзишӣ, биноҳои хуштарҳу назаррабои истиқоматӣ, гулгашту хиёбонҳои фараҳафзо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва зиндагии шоистаи сокинони ин шаҳри маҳбуб далели равшани гуфтаҳои болост.
Ҳар иқдом ва ташаббуси пешгирифтаи раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри орзуҳо” табдил додани Душанбе ҷаҳиши бузургест, ки бо амалӣ гардидани онҳо ҳам рӯзгори сокинон хубтару беҳтар мегардад ва ҳам тамаддуни шаҳрсозии мо имрӯзиён барои наслҳои фардо боиси ифтихор ва сарафрозӣ хоҳад буд.
Таъминоти моддӣ-техникии мақомоти милитсия
Дар шароити пешрафти босуръати ҷомеаи зудтағйирёбанда, раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои милливу умумибашарӣ, пайдоиши зуҳуроту омилҳои муосири ҷинояткорӣ, коста гардидани ахлоқ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар ба фаъолияти бонизому самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучанд гардидааст.
Қобили зикр аст, ки дар таҳкими сулҳ ва устувории пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи тартиботу оромии ҷомеа кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ нақши арзанда дошта, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз худ намунаи баланди ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ҳамқадам, муҳофизу мубориз ва сипари боэътимоди Истиқлол ва халқи кишвар будани худро исбот намуданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар таъминоти моддиву техникӣ ва иншооту утоқҳои мусоиди корӣ барои кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он мунтазам таъмин карда мешавад. Ҳамаи ин беҳсозии шароити хизмат ба пешрафти кори милитсияи пойтахт мусоидат намудааст.
Таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба милитсия
Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву маданияти шаҳрдорӣ, пешгирии амалу кирдорҳои зидди ҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок, ошкору дастгир намудани нафарони ҷиноятпеша, таъмини тартиботу осоиштаҳолии шаҳрвандон кормандони мақомоти милитсияи пойтахт аз худ матонату ҷасурӣ ва иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматиро нишон дода, пеши роҳи ҳамагуна амалу кирдори халалдоркунандаи тартиботро мегиранд. Метавон гуфт, ки давоми солҳои охир дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани фаъолияти оперативӣ-хизматӣ мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ҳамаи самтҳо ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардидаанд.
Махсусан ҳамкории зичи милитсия бо ҷомеа, баррасии арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон, нашри хабару мақола аз фаъолияти ҳамарӯзаи милитсия дар сомонаи расмӣ ва нишон додани вокунишҳои саривақтӣ аз иқдомҳои пешгирифтаи роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мебошад, ки боиси пешгириву ошкорнамоии ҷиноятҳои гуногун гардида, ҳамзамон обрӯ ва нуфузи мақомоти милитсия дар ҷомеа баланд гардидааст. Ин аст, ки дар натиҷаи назарсанҷиҳои созмони ҷаҳонии «Геллуп» Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои ҷаҳон аз лиҳози амнияту субот ва боварию эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мақоми аввалро ишғол намуд. Мавриди зикр аст, ки қабули Барномаву Стратегияҳои давлатии ислоҳоти милитсия, ки дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд, маҳз бо ҳамин мақсад равона карда шудаанд.
Дар натиҷаи амалисозии иқдомҳои зикргардида заминаи мусоид барои қабули муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби милитсияи пойтахт фароҳам гардидааст. Ҳамарӯза шаҳрвандони зиёде бо мушоҳидаи амалу кирдорҳои номатлуб худро бетараф нагирифта, кирдорҳои зиддиҳуқуқиро тавассути телефони мобилӣ ба навор ва ё расм гирифта, ҷиҳати баррасиву бартарафсозии он тавассути суроғаҳои электронӣ ва сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ирсол менамоянд. Баррасии ҳамаи муроҷиатҳои шаҳрвандон бевосита зери назорати роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе қарор дорад.
Ошкорсозӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои ҷиноятӣ
Маҳз фароҳам гаштани шароити хуби корӣ ва иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ боис гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти бақайдгирии ҷиноятҳо натиҷаҳои мақомоти корҳои дохилии пойтахт беҳтар гардида, фоизи кушодашавии ҷиноятҳо сол ба сол сатҳи болоравӣ дорад. Таъмини ошкорсозии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини изтиробангези таъсири васеъи ҷамъиятидошта, кушторҳои бераҳмона, роҳзаниву ғоратгарӣ, боздошти ашхоси нашъаҷаллоб ва даҳҳо намуди дигар ҷиноятҳо, ки милитсияи пойтахт ошкор намудааст, пеш аз ҳама бозгӯи маҳорату истеъдоди касбӣ ва тарзи дурусти коргузориро дар ин ниҳод нишон медиҳад.
Давоми солҳои охир бо ҷасорати кормандони бахшҳои оперативии милитсияи пойтахт аъмоли зишт ва мақсадҳои ғаразноки якчанд гурӯҳҳои ҷиноятии нашъаҷаллоби трансмиллӣ ошкор ва гумонбарони он дастгир карда шудаанд. Аз ҷумла давоми соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар пойтахт дар умум 338 килограмм воситаҳои гуногуни нашъадор аз хатари паҳншавӣ пешгирӣ карда шуд.
Дар озодӣ мондани афроди ҷинояткор ба суботи ҷомеа хавфи бештар дошта, бо мақсади муайян ва дастгир намудани шахсони дар ҷустуҷӯ буда аз ҷониби ҳамаи сохторҳои мақомоти милитсия фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда мешавад. Соли равон аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе 542 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ буда дастгир карда шудаанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта зиёд буда, дар сатҳи ҷумҳурӣ низ назаррас арзёбӣ мегардад.
Пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон
Самти дигари фаъолияти милитсияи пойтахт, ки ба он диққати аввалиндараҷа зоҳир мегардад, ин пешгирию ошкорнамоии кирдорҳои номатлуб миёни ҷавонону ноболиғон ба шумор меравад. Соли ҷорӣ бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва таъмини иҷроиши Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе маҳфили «Маърифати ватандӯстӣ» ташкил карда шуд. Дар ин замина аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дар ин замина пешгирии ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон, бахусус муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон вохурӣ ва мулоқотҳои судманд дар макотиби олию миёнаи ҳудуди пойтахт ба роҳ монда шуд.
Чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд, ин ҳама чораандешиҳо ва баргузории рейду амалиётҳо боиси коҳиш ёфтани амалу кирдорҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон, махсусан хонандагон дар ҳудуди муассисаи таълимӣ гашта, ҳамзамон боиси баланд гардидани масъулияти волидайн нисбати таълиму тарбияи фарзандон гардид. Аз ҷумла, давоми соли ҷорӣ содиршавии ҷиноят аз ҷониби ҷавонон 21,4% коҳиш ёфтааст.
Роҳу нақлиёт
Кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии содиршавии садамаҳои маргбор, қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, нодида гирифтани аломатҳои танзимкунанда, ба вуҷуд овардани тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт ва дигар қоидавайронкуниҳо, ки ҳамаи ин боиси халалдор шудани ҳаракати бехатари шаҳрвандон мегардад, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ як қатор чорабиниҳои мақсаднокро амалӣ намудаанд.
Солҳои охир шаҳрвандон низ аз худ масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, саҳми худро дар таъмини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гузошта истодаанд. Ҳангоми мушоҳида намудани қоидавайронкуниҳо онро ба навор ва расм гирифта, ҷиҳати чораандешӣ ба мақомоти милитсия ирсол мекунанд. Ин натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ мебошад.
Нозири минтақавӣ — симои милитсия
Дар баробари дигар бахшҳои хизматии мақомоти корҳои дохилии пойтахт, саҳми нозирони минтақавии милитсияи шаҳри Душанбе низ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ арзишманд арзёбӣ мегардад. Солҳои охир бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ин бахши милитсияи пойтахт бо тамоми шароити лозимӣ таъмин гардида истодааст.
Нозирони минтақавии милитсияи пойтахт пайваста бо аҳолӣ дар алоқаи зич қарор дошта, бо шаҳрвандон ва сокинони маҳаллаҳо мулоқот мекунанд ва аз натиҷаи фаъолияти худ ба шаҳрвандон ҳисобот медиҳанд. Ин пеш аз ҳама ба амалишавии Стратегия ва Барномаҳои ислоҳоти милитсия ва наздик шудани робитаи милитсия бо ҷомеа равона карда шудааст.
Ин аст, ки давоми соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони минтақавӣ 518 ҷиноятҳои гуногун ошкор ва гумонбарони онҳо дастгир карда шуда, дар доираи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб гардидаанд.
Нақш ва мақоми кормандзанони милитсия
Ба фаъолияти занон дар мақомоти милитсияи пойтахт аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, имрӯзҳо дар самтҳои гуногун ва дар вазифаҳои пурмасъулият кору фаъолият намуда истодаанд. Кормандзанони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар баробари мардон дар таҳкими суботу осоиштаҳолӣ ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон саҳми арзишманди худро мегузоранд. Онҳо бо назардошти ҳама душвориҳои касби милитсия устуворонаву ҷасурона дар пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ камари ҳиммат бастаанд.
Ҷиҳати таъминоти моддӣ, баррасии мушкилоти фаъолияти корӣ, баланд бардоштани тахассуснокӣ ва самаранокии фаъолияти занон дар мақомоти милитсия Шӯрои занон таъсис дода шудааст, ки бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Кормандзанони пуртаҷрибаи милитсия дар бештари маврид баҳсу нофаҳмиҳои гуногуни оилавии шаҳрвандонро мавриди баррасӣ қарор дода, миёни оилаҳо созишро ба вуҷуд меоваранд. Бо ин пеши роҳи сар задани ҳодисаҳои нохуш ва азҳампошии оилаҳоро гирифта, дар бунёди ҷомеаи солим, ки бевосита аз оилаи солим сарчашма мегирад, саҳми худро мегузоранд.
Аз ҷумла, кормандзани милитсияи пойтахт, лейтенанти калони милитсия Миҷгона Самадова дар риштаи варзиши навъи бокс дар мусобиқаҳои байнанлмилалӣ ширкат намуда, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи олам баланд мебардорад, ки ин ҳам ифтихори милитсияи пойтахт аст. Бо назардошти ин аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Миҷгона Самадова, ки ахиран дар Бозиҳои Осиёӣ дар риштаи бокс сазовори мақоми сеюм ва медали биринҷӣ гардид, калиди хонаи якҳуҷрадор дар пойтахт тақдим карда шуд.
Имрӯзҳо ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ доираи васеи вазифаҳо: таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти ҷомеа, оромию суботи кишвар, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, моликияти давлат ва шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии он, тафтиш ва таҳқиқи ҷиноят ва кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, назорати низоми шиносномавӣ ва бақайдгирии шаҳрвандон, таъмини қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар уҳдадориҳои хизматӣ вогузор гардидааст. Бо боварии комил гуфтан метавон, ки имрӯзҳо албатта ин мақомоти бонуфузи кишвар аз уҳдаи иҷрои рисолати пурифтихори бардӯшдоштааш бошарафона баромада истода, барои садоқат ба Савганд, Пешвои миллат, Ватан ва ҳимояи мардуми кишвар, аз корманди қаторӣ то афсари баландрутбаи милитсияи пойтахт мардонавор камари ҳиммат бастаанд.
Ҷидду ҷаҳд ва саъю кӯшиши ҳар як корманди мақомоти милитсияи пойтахт ба он равона гардидааст, ки ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар сатҳи баланд таъмин гардида, суботу оромӣ дар кишвар, махсусан шаҳри Душанбе пойдор ва кафили пешравӣ ва рушду инкишофи Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад.
Б. П. ҲАМИДЗОДА,
сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ