Миллард тоҷиконро бо фарорасии Рамазон табрик кард

 

Сафири Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард дар як паёми видеоӣ мардуми мусалмони Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт.

Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон бо нашри як видеои кӯтоҳ дар саҳифаи сафорат дар шабакаи Фейсбук мусалмонони сокини Тоҷикистонро бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт.

Хонум Миллард дар оғози видео ба забони англисӣ ва дар давомаш ба забони тоҷикӣ мардумро ба муносибати расидани моҳи Рамазон табрик мекунад.

Элизабет Миллард, ки аз моҳи январи соли 2016 дар мақоми сафири Амрико дар Душанбе фаъолият мекунад, алакай чандин видео нашр кардааст, ки дар онҳо бо мардум бо забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунад.

Амрико яке аз бузургтарин кумакрасонҳои Тоҷикистон ба шумор меравад ва тайи 25 соли равобити дипломатиаш бо Душанбе ба ин кишвари пасошӯравӣ ба маблағи беш аз 1,8 миллиард доллар кумакҳои мухталиф расондааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *