Муҳаммадризо Тоҷдинӣ- шоир, нависанда ва пажўҳишгари эронӣ

Муниси ҷон

тақдим ба зиндаёд Лоиқ Шералӣ

Эй Лоиқи дуррафтаи ман,

Ширини ба шўр рафтаи ман.

Бо чашми дилам туро бидидам,

Шеъру ғазалат ба дил шунидам.

Ту ганҷи ҳамешаву равонӣ,

Ту муниси ҷонию равонӣ.

Дар водии шеър бас давидам,

Бо шеъри ту ман ба худ расидам.

Ту ворису ёдгори шеърӣ,

Ту Лоиқи мондагори шеърӣ.

Шеъру суханат ба дил равон аст,

Маъшуқаи халқи ҳар замон аст.

Дар шеъри ту ишқ мезанад мавҷ,

Дар шеъри ту дард рафта то авҷ.

Дар савту садои ту садоқат,

Эй Лоиқи мардию рафоқат.

Эй шоиру эй ҳамеша фарёд,

Фарёд задӣ зи адлу аз дод.

Шеърат ҳама панд бошаду қанд,

Эй шоири халқу ишқпайванд.

Бар дўши ту парчами расолат,

Ту душмани ҷангу ҳар ҷаҳолат.

Дар ҷанги сиёҳу хонумонсўз,

Ашъори ту буд ваҳдатафрўз.

Аз сулҳ сурудию зи ваҳдат,

Бо ҷону дилат фидои миллат.

Дар ҷони ту нағмаи балоғат,

Дар коми дилат шаҳди фасоҳат.

Номи ту ҳамеша ҷовидон аст,

Шеъри ту ҳамеша ҷони ҷон аст.

Шўри ману шеъри ман чӣ бошад,

Мўре, ки ба хок лона бошад.

Ту Лоиқию лаёқат аз туст,

Ту шоирию балоғат аз туст.

Тоҷи сари ҷони ман ту бошӣ,

Ҳам ҷони ҷаҳони ман ту бошӣ.

Хуш бош канори Рўдакӣ шод,

Мулку ватанат бигашта обод.

محمدرضا تاجدینی — شاعر، نویسنده و پژوهشگر ایرانی

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *