Миллатгароҳои рус як ӯзбекистониро корд заданд

Намояндагони гуруҳи ғайрирасмии дорои гароиши миллӣ-сотсиалистӣ аз Москва ба шаҳрванди Ӯзбекистон ҳамла бурданд. Шаҳрванди маҷруҳшудаи Ӯзбекистон бистарӣ ва дар шӯъбаи эҳё қарор дорад, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.

Чаҳор ҷавони тундгарои аз 17 то 20-сола барои истироҳат ба шаҳри Санкт-Петербург рафтанд. Мошини онҳо аз кор монд ва ду тан аз онҳо хостанд, ба сайри шаҳр бароянд. Дар хиёбони Среднеохтини шаҳр онҳо бо зодаи Ӯзбекистон баҳсу ҷанҷол ва бо корд ба ӯ ҳамла кардаанд.

Пулис мегӯяд, дар дасту бозуи ҷавонон рамзҳои Рейхи Севум ва СС ҳаккокӣ шудааст. Ҷавонон боздошт ва нисбаташон парванда боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *