Миллиардерҳои Русия чӣ қадар сарват доранд?

РИА “Новости” бо такя ба маълумоти радабандии Bloomberg Billionaires Index (BBI) дар бораи дороии миллиардерҳои рус хабар медиҳад.

Ба иттилои ин манбаъ, дар маҷмуъ, дар феҳристи BBI номи 500 сарватманди ҷаҳон навишта шуда, ҳоло дар миёни онҳо 24 шаҳрванди Русия низ шомиланд ва дороии умумии онҳо то 3-юми июл зиёда аз 289 млрд долларро ташкил медиҳад. Ин нишондод аз рӯи арзиши саҳмияҳои миллиардерҳо дар ширкатҳо ҳисоб карда шудааст.

Сарватмандтарини онҳо яке аз моликони аслии ширкати «Норникел» Владимир Потанин буда, дороии ӯ 28,5 млрд долларро дар бар мегирад.

Ҷойи дувумро шарики ширкати «Новатек» Леонид Михелсон ишғол кардааст, ки сарваташ ба 26,1 миллиард доллар расидааст.

Дар ҷои сеюм саҳҳоми НЛМК Владимир Лисин қарор дорад, ки дороии худро ба зиёда аз 23 млрд доллар расонидааст.

Дар ҷои чорум Вагит Алекперов бо дороии зиёда аз 20 млрд доллар қарор дорад.

Дар ҷои панҷум Алишер Усмонов, соҳиби «Металлоинвест» ва «Мегафон» қарор дорад, ки ҳоло 18,3 миллиард доллар дороӣ дорад.

Дар зинаи шашум саҳҳоми асосии «Северстал» Алексей Мордашов қарор дорад, ки сарваташ то 18,2 млрд арзёбӣ мегардад.

Михаил Прохоров (гурӯҳи «Онексим») дар ҷои ҳафтум боқӣ монда, сарваташ баробар ба 14,7 млрд доллар гуфта шудааст.

Дар ҷои ҳаштум молики ширкати «Новатек» ва «Сибур» Геннадий Тимченко қарор дорад, ки дороии ӯ ҳоло 13 млрд долларро ташкил медиҳад.

Дар ҷои нуҳум саҳҳоми собиқи «Еврохим» ва СУЭК Андрей Мелниченко ҷой гирифтааст, ки сарваташ ба 11,6 млрд доллар муайян шудааст.

Даҳгонаи доротаринҳои Русияро муассиси Alfa Group Михаил Фридман ҷамъбаст мекунад, ки сарваташ ба 11,5 млрд доллар расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *