Минбаъд қарздоронро дар кафтархона ҳабс мекунанд?

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду мард хабар медиҳад, ки бо гумони ғайриқонунӣ дар кафтархона маҳрум кардан аз озодӣ муттаҳам мешаванд. Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо марди 56 ва ҷавони 23-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд будаанд. Боздоштшудаҳо, 9-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 15:00, аз сабаби он, ки ба марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур дар се ҳолат маблағи 20 ҳазор сомониро бо фоиз то 1-уми ноябри соли 2021 дода будаанд, аммо ҷабрдида маблағи гирифтаашро баргардонида натавонистааст. «Ӯро бо роҳи фиреб ба хонаи истиқоматиашон даъват намуда, сипас, бо чӯбдаст ба аъзои баданаш зада бо истифодаи зӯроварӣ ба кафтархонаи манзили истиқоматиашон ворид намуда, ғайриқонунӣ муддати як соат нигоҳ дошта, ӯро аз озодӣ маҳрум сохтаанд», — афзудааст манбаъ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *