Аз кӯчабоғи бачагӣ то қаҳрамонӣ дар 20 акси Дидор Саъдуллоев

Дидор Саъдуллоевро аксарият ҳамчун аксбардори ҳирфаӣ ва хабарнигори “Тоҷикистон” мешиносанд. Ӯ 40 сол дорад ва хатмкардаи факултаи физика ва риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Инчунин, Дидор Саъдулллоев солҳои 2014—2015 дар факултаи аккосии Донишгоҳи давлатии тарроҳӣ ва текнулужии Москва таҳсил карда, ихтисоси аккос-хабарнигорро гирифтааст.

Аз соли 2014 то ҳол дар Бошқирдистон ва шаҳрҳои Масква, Алмаато ва Душанбе чанд намоиши аксҳояш баргузор шудааст. Ахиран дар Қазоқистон барандаи ҷоизаи озмуни минтақаии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар мавзӯъи муҳоҷират шуд.

Айни замон Дидор Саъдуллоев ба сифати хабарнигор-суратгир дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj фаъолият дорад. Чанд акси ҷолиби Дидор Саъдуллоевро манзури хонандагон мегардонем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *