Минбаъд дар Суғд саратонро табобат мекунанд
То имрӯз дар вилояти Суғд нафарони гирифтори бемории саратон (агар саривақтӣ бошад) ба шаҳри Душанбе ва ё берун аз кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Маскав барои табобат мерафтанд.
Аммо барои рафъи ин мушкилӣ ва мусоидат барои кам кардани хароҷоти беморон ба вилояти Суғд таҷҳизоти тиббӣ барои ташхис ва табобати ин навъи беморӣ оварда мешаванд. Тавре ки имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таъкид дошт, ин таҷҳизотҳо то оғози сентябри соли ҷорӣ дастрас ва бо ҷалби духтурони саратоншинос ба истифода дода хоҳад шуд. Номбурда ин иқдомро як навъ дастгирӣ барои табобати беморони саратон арзёбӣ кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ