Пирамарди ваҳшитабиат

     Як пирамарди 71-сола дар шаҳри Конибодом ҳамсояаашро бо яроқи шикорӣ захмдор карда сипас бо корд ба ҳалокат расонидааст.

    Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, гумонбаршуда, бинобар сабаби хусумат доштан нисбати ҳамсояаш марди 65-сола, маъюби гӯруҳи 2-юм, бо ӯ муноқиша намуда, аз яроқи шикории тамғаи “ИЖ-16”, ки бо худ ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, ба муқобили ӯ як маротиба тир холӣ намуда, охиронро захмӣ намудааст.

   Сипас, корд гирифта, се маротиба ба қисмати шикам ва қафаси синаи ҷабрдида задааст. Дар натиҷа марди 65-сола ҷароҳати вазнини  ҷисмонӣ  бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *