Миннатдории Сергей Лавров аз Тоҷикистон
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон ҷиҳати кӯмак дар таҳқиқи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Хол” изҳори сипос кард. Сергей Лавров зимни суханронӣ ба муносибати таъсиси Ҷамъияти дӯстӣ бо Тоҷикистон изҳор дошт, ки мақсади ташкилкунандаҳои ҳамлаи террористӣ дар «Крокус Сити Хол» коштани хусумату низоъ дар ҷомеаи Русия буд.
«Ҳамлаи даҳшатноки террористии ахир, ки созмондиҳандагони он тарҳрезӣ карда буданд, бояд дар ҷомеаи Русия низоъ мекошт ва боиси афзоиши нобоварӣ дар байни мардум мешуд. Аммо ин фоҷиа танҳо мардуми миллатҳои мухталифро муттаҳид кард», — таъкид кард Лавров.
Вай қайд кард, ки Кремл аз роҳбарияти Тоҷикистон барои таслияту ҳамдардӣ ва инчунин барои «кӯмаки фаврӣ дар таҳқиқи ҳолатҳои фоҷиа» миннатдор аст.
«Мутмаинам, ки ягона вокуниши муносиб бояд минбаъд таҳкими муборизаи оштинопазир бо терроризм ва сарпарастони хориҷии он — ҳам дар формати дуҷониба ва ҳам дар якҷоягӣ бо иттифоқчиёну шарикон дар СААД, ИДМ ва СҲШ бошад», — таъкид кард Лавров.
Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки дар шароити имрӯз зарур аст, ки дӯстӣ, боварӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо бояд таҳким бахшида шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ