Бозиҳо дар Лигаи олӣ 6-уми апрел оғоз мешаванд

Мавсими 33-юми Чемпионати футболи Тоҷикистон 6-уми апрел оғоз шуда, дар Лигаи олӣ бо ширкати 12 даста дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар маҷмуъ, ҳар даста дар 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки дар мавсими соли 2024-и Лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба Лигаи якум меравад ва дастае, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ баргузор мекунад.

Дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Истиқлол» (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), КМВА (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Истаравшан» (Истаравшан), «Вахш» (Бохтар), «Куктош» (Рӯдакӣ) ва «Эсхата» (Хуҷанд) дар Лигаи олӣ бозӣ мекунанд.

Дар даври якум 6-уми апрел «Хуҷанд» бо «Эсхата», «Регар-ТадАЗ» бо «Вахш» ва «Барқчӣ» бо «Равшан», 7-уми апрел «Ҳосилот» бо «Куктош», «Истиқлол» бо «Истаравшан» ва «Панҷшер» бо КМВА вомехӯранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *