Миннатдории вазири мудофиаи миллии Туркия аз наҷотдиҳандагони тоҷик
Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулуси Аскар дар ҷараёни сафараш ба вилояти Ҳотой бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кардааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, дар суҳбат бо ҷонишини Рарси КҲФ, генерал-майор Сулаймон Исозода — роҳбари имдодгарони Тоҷикистон, сардори Сарраёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита полковник Музаффар Аҳмадзода Хулуси Аскар ба наҷотдиҳандагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кумакҳои фавриву дастгириҳо ва наҷоти ҷони одамон аз вайронаҳои заминларза изҳори сипос намудааст.
«Дар ин лаҳзаҳову рӯзҳои мушкил шумо ба кумаки мардуми турк омадед. Мехостам аз номи худ ва аз номи ҳамаи халқҳои Туркия бори дигар барои кори пурзаҳмату талошҳои фаровонатон изҳори миннатдорӣ кунам”,- гуфтааст ӯ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Раҷаб Тайип Эрдуғон — президенти Ҷумҳурии Туркия дар ҷараёни диду боздидҳои худ аз минтақаҳои зилзилазадаи вилояти Ҳотой бо имдодгарони тоҷик дидор ва мулоқот кардаву аз кори пурсамари онҳо дар рафъи паёмадҳои зилзила ситоиш намуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ