Исроэл Адесаня

Исроэл Адесаня нияти тарки UFC-ро дорад

Ситораи UFC ва собиқ чемпион дар вазни миёна Исроэл Адесаня дар як суханрониаш ишора кард, ки панҷ сол боз дар ташкилоти UFC баромад мекунад ва эҳтимол аст, ки ин қадар вақти дигар дар ин ҷо намонад.

— Панҷ сол шуд ман дар ин ҷо ҳастам. Ростӣ, фикр намекунам, ки боз панҷ соли дигар монам. Ман дар ҳаёт дигар корҳо дорам,- гуфт Исроэл Адесаня.

Варзишгари 33-сола аз соли 2012 инҷониб дар ташкилотҳои гуногун қувваозмоӣ мекунад. То ин дам 25 муҳориба гузаронидааст, ки дар 23-тояш ғолиб баромада, ду бор мағлуб шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *