ДМТ

Нияти таъсиси гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ дар факултети физикаи ДМТ

Барои натиҷагирӣ аз нимсолаи таҳсили сипаригашта вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. бо устодону кормандони факултети физика доир гардидааст.

Бино ба иттилои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ самтҳои гуногуни фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Зимнан, дар робита ба амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) садорат ва мудирони кафедраҳо дастуру супоришҳои мушаххас гирифта, таъкид шудааст, ки дар доираи ин ибтикороти Пешвои муаззами миллат табодули устодону донишҷӯён ҷиҳати анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва омӯзишӣ дар хориҷи кишвар ва гузаштани омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос бештар ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, гуфта шудааст, ки таъсиси гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ дар факултети физика талаботи замон аст.

— Дар охир таъкид шуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои таркибии факултет садорат ва мудирони кафедраҳои марбутаи факултет бояд чораҳои зарурӣ андешанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *